Шумори мубталоёни ба коронавирус дар ҷаҳон ба 209 миллиону 276 ҳазору 336 нафар расидааст. Чун рӯзҳои пеш ИМА, Ҳинд, Бразилия, Русия ва Фаронса дар панҷгонаи кишварҳое шомиланд, ки аз ҳама бештар – аз ҳудудан 38 миллион то беш аз 6 миллион гирифтори Covid-19 доранд.
Агенти назорати дору ва маҳсулоти тибии Британияи Кабир истифодаи ваксинаҳои дорусозии амрикоии Modernaро барои эмкунии бачаҳои аз 12 то 17-сола иҷозат дод.
Ҷумҳурии Чех аз 23-уми август Федератсияи Русияро аз рӯйхати кишварҳои хатарнок ба сироят аз COVID-19 берун мекунад. Ҳоло дар ин рӯйхат Бразилия, Колумбия, Мозамбик, Непал, Парагвай, Перу ва Танзания шомил мешаванд.
Мутахассисони аврупоӣ дар Черногория мавҷуд будани штамми делтаро тайид карданд.
Сарвазири Ҷопон Ёсихидэ Суга рӯзи сешанбе дар як нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки ин кишвар дар мубориза зидди коронавирус ба як бӯҳрони амиқ ворид шудааст. Вале бо вуҷуди ин ҳукумат қасд надорад бо эълони маҳдудиятҳои аз ин бештар дар кишвар локдаун эълон кунад. Вай гуфт, ки Ҷопон аз пуртаъсиртарин шеваи мубориза – ваксинкунии аҳолӣ истифода хоҳад кард.
Шабонарӯзи гузашта дар Тоҷикистон боз 48 нафар чун гирифтор ба коронавирус ба қайд гирифта шуданд. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон хабар дод, ки аз аввали ҳамагирӣ теъдоди мубталоён ба КОВИД-19 дар Тоҷикистон ба 16 223 нафар расидааст. Аз ин беморӣ то кунун 124 нафар фавтидаанд.