Шоми 15-уми августи соли равон теъдоди беморони гирифтори Covid-19 207 миллиону 907 ҳазору 082 нафар эълон шуд ва 4 миллиону 373 ҳазору 339 нафар аз он фавтиданд. Ҳамоно ИМА, Ҳинд, Бразилия, Русия ва Фаронса бо доштани шумори бештари сироятшудагон дар панҷгонаи аввали кишварҳо дохиланд.
Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иддои баъзе расонаҳои хабариро дар маврии тавофуқи пинҳонии ин созмон бо Чин дар мавриди таҳқиқи макону насаби вируси корона рад кард.
Аз моҳи июл то ба имрӯз дар ИМА панҷумин бор аст, ки сатҳи сироят ба коронавирус боло меравад. Зарфи ин якуним моҳ сироят панҷ баробар боло рафта ба 150 ҳазор нафар дар як шабонарӯз расидааст. Ҳамарӯза дар ин кишвар то 700 нафар сироятшудагон мефавтанд.
Дар Шведсия, ки аз аввали пандемия зидди коронавирус маҳдудиятҳои ҷорӣ накард, ҳоло сироят авҷ гирифтааст. Агар охири моҳи июл дар ин кишвар ба ҳисоби миёна то 600 нафар сироятшуда дар як шабонарӯз сабт шуда бошад, пас ҳоло ин рақам болотар аз як ҳазор нафар аст.
Швейтсария дар интизори мавҷи нави коронавирус аст.
Дар Ҷопон ҳар шабонарӯз бештар аз 20 ҳазор мубталои нав ба қайд гирифта мешавад. Вале чун 50% аҳолии он ваксин гирифтаанд, маргумир хеле кам аст. Дар 24 соати гузашта на бештар аз 30 нафар фавтидаанд.
Ҳукуматдорони шаҳри Хошимини Ветнам маҳдудиятҳои зиддикоронаиро боз барои як моҳи дигар тамдид карданд.
Русия эълон кард, ки ҳодисаҳои сироят ба коронавирус дар ҳафтаи сипаришуда назар ба як ҳафтаи пеш коҳиш дошт. Шабонарӯзи гузашта дар ин кишвар 21 624 нафар чун мубталои нав сабт шуданд.
Шумори сироятёфтагон ба Covid-19 дар Қазқистон ба 687 259 ва дар Қирғизистон ба 172 090 нафар расид. Сатҳи маргумир аз ин беморӣ дар Қазоқистон 1,10% ва дар Қирғизистон 1,42% эълон шудааст.
Ӯзбекистон аз сирояти 143 041 нафар аз аввали ҳамагирӣ хабар дод. Сатҳи маргумир аз Covid-19 дар ин кишвар 0,68% аст.
То 15-6-уми августи соли равон дар Тоҷикистон 16 061 нафар мубталои Covid-19 шуданд, сатҳи маргумир бар асари ин беморӣ 0,77% эълон шудааст.