Ду тифли дигар ғарқи об шуданд ва ҳарду дар шаҳри Душанбе. Яке 12 ва дигаре 7 сол дошт. Сабаб: беназоратии волидон (ВИДЕО)

Зарфи як шабонарӯзи гузашта дар қаламрави шаҳри Душанбе боз ду тифл дар об ғарқ шдуанд, ки яке 7 сол дошту дигаре 12 сол. Ин ду кӯдаки номурод аз беназоратии падарону модарон бармаҳал ва фоҷеавӣ бо ҳаёт падруд гуфтанд. Шумори кӯдакону наврасони ҳалокшуда дар об зарфи чор моҳи охир ба  11 нафар расид.

Рӯзи 6-уми майи соли 2021 соати 16:02 дақиқа ба Қисми навбатдории КҲФ хабар доданд, ки дар ҳавзи Боғи фарҳанг ва истироҳати ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе кӯдаке ғарқ шуд. 

Бо дарёфти хабар имдодгарони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражаданӣ дар шаҳри Душанбе ба ҷойи ҳодиса сафарбар шуданд. Маълум шуд, ки ин писарбача сокини 12-солаи шаҳри Душанбе будааст. Ӯ ҳамроҳ бо дӯстонаш хостаанд дар ҳавзе оббозӣ кунанд, ки барои шиноварӣ пешбинӣ нашуда буд. Ва чун ба об даромад, ғарқ шуд ва дӯстонаш, ки дар бару буми ӯ буданд, натавонистанд ӯро наҷот диҳанд. 

Ғаввосони воҳиди наҷот вориди об шуданд ва ҷасади писарчаро аз қаъри об берун овардаву ба волидонаш супурданд. 

Ҳодисаи дуюм дар қаламрави ноҳияи Шоҳмансури пойтахт, дар соҳили дарёи Кофарниҳон рух дод. Ҳангоми бозӣ бо ҳамсолонаш писарбачаи 7-солаи сокини пойтахт дар дарё афтод. Мавҷи хурӯшон хеле ба зуди ӯро ба гирдоби худ печид ва бурд.

Наҷотдиҳандагон фавран ба ҷойи ҳодиса расиданд ва корҳои ҷустуҷӯву наҷотро ба роҳ монданд. Вале то ба ин лаҳзаҳо ҷустуҷӯҳо натиҷа надодаанд. Амалиёти наҷот идома дорад.

Гуфтанист, ки зарфи 4 моҳи охир дар кишвар 19 нафар дар об ғарқ шудаанд, ки 5 нафари онҳо то 4-сола, 2 нафар аз 5 то 12-сола, 2 нафар аз 11 то 16-сола, 6 нафар аз 17 то 35-сола ва 4 тани дигар аз 35-сола боло буданд. Бо ин ду ғарқшуда шумори кӯдакону наврасони ғарқи обшуда дар 4 моҳ ба 11 нафар расид. 

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании  назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар ба волидон ва пайвандон муроҷиат мекунад, ки фарзандони худро беназорат нагузоранд. Қоидаҳои бехатариву амниятиро риоя намоянд.  

ОББОЗӢ ДАР ҶОЙҲОИ МАМНӮЪ БАРОИ ҲАЁТИ ИНСОНҲО ХАТАРНОКАНД. ЭҲТИЁТ КУНЕД!!

 

МАТОЛИБИ ҲАМСОН: