Созмони ҷаҳонии тандурустӣ гуфтааст, ки бино ба маълумоти дастрасшуда воксани AstraZeneca хатари лахтшавии хунро афзоиш намедиҳад. Ҳамзамон бо ин ин созмон гуфт, ки минбаъд низ қасд дорад оқибатҳои эҳтимолии таъсири манфии онро пайгирӣ кунад. Кишвраҳои Аврпуо ахиран тасмим гирифтанд ба эмкунии аҳолӣ бо воксани ёдшуда идома диҳанд, чун танзимгари воситаҳои дорувории Аврупо (EMA) эълон кард, ки ин воксан бехатар ва муфид аст.
Агар Иттиҳодияи Аврупо аз воксани русии “Спутник V” даст кашад, Олмон мустақилона худ метавонад онро ворид кунад, гуфт Садриаъзами Олмон Ангела Меркел. Сарвари Олмон, ки рӯзи 19 марти соли равон дар як нишасти матуботӣ сухан мегуфт, иброз дошт, ки шаҳрвандони Иттиҳодияи Аврупо бояд ба а доруҳо аз COVID-19, ки Агентии дорувории Аврупо иҷозат додааст, дастрасӣ дошта бошанд.
Ҳукумати Озарбойҷон дар саросари ин кишвар ба сабаби авҷи сирояти коронавирус то 1-уми июн карантин эълон кард.
19-уми марти соли равон Молдова соҳиби воксани тавлиди ширкати Pfizer шуд.
Шабонарӯзи гузашта дар Русия 9699 ҳодисаи сироят ба вируси корона ба қайд гирифта шуд ва суръати рушди сироят б аҳадди 0,22 дарсад боқӣ мондааст.
Қазоқистон эълон кард, ки 250 нафар гирифторони вироси корона дар ин кишвар ҳоли вазнин доранд ва вазъи саломатии 61 тани онҳо хеле вазнин аст. 20 237 нафар ба муолиҷа фаро гирифта шудаанд.
Дар пойтахти Қирғизистон ҷашни Наврӯз манъ шуд, сабаб COVID-19, хабар дод РИА Новости истинодан ба хадамоти мтабуотии шаҳрдории Бишкек.