Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ба ин натиҷа расид, ки бо вуҷуди нигарониҳо аз сабабгори судда шудани он кишварҳои олам эмкунӣ бо воксани AstraZeneca зидди COVID-19-ро идома диҳанд.
Ширкати дорусозии Ҳиндустон Dr Reddy's Laboratories марҳилаи сеюми санҷиши воксани русии зидди КОВИД-19 «Спутник V»-ро ба анҷом расонд.
Дар Қувваҳои мусаллаҳи Кореяи Ҷанубӣ ҳодисаҳои нави вироят ба коронавирус ошкор мешаванд. То кунун дар се намояндаи неруҳои хушкигард ва дарёии ин кишвар нишонаҳои КОВИД-19 мушоҳида шудаанд. Ҳоло дар артиши ин кишвар 629 нафар гирифтори коронавирус буда, 590 нафари онҳо баъди муолиҷа аз беморхона хориҷ шудаанд.
Чин аз ифшои боз 19 ҳодисаи гири фторӣ ба коронавирус дар шабонарӯзи гузашта хабар дод. Дар миён чор ҳодисаи фаъол ва 15 дорандаи SARS-CoV-2 бе аломати беморӣ буданд. Гуфта шудааст, ки ин чор ҳодисаи фаъол ҳамагӣ аз хориҷ ворид шудаанд.
Ҳукумати Филиппин тасмим гирифтааст муваққатан вуруди иддае аз шаҳрвандони хориҷиро ба кишвар манъ кунанд ва сабаби ин авҷи нави коронавирус аст. Ин маҳдудиятҳо барои шахсони расмии кишварҳои хориҷӣ, дипломатҳо ва филиппиниҳое, ки аз хориҷ бармегарданд, дахл надорад.
Дар Русия дар як шабонарӯз 8998 ҳодисаи нави сироят ба COVID-19 ба қайд гирифта шуд. Афзоиши ҳаррӯзаи ҳолатҳои нав то 0,20 фоиз коҳиш ёфт.
Озмоишгоҳҳои Қазоқистон дар 24 соати гузашта боз 1082 сироятшудаи навро сабт карданд. Ин сироятшудагон дар Алмаато 307, Нур-Султон 203, вилояти Алмаато 91нафар буданд.
Ҳукумати Ӯзбекистон ба шаҳрвандонаш тавсия дод, ки дар рӯзҳои ҷашни Наврӯз аз сайругаштҳои дастаҷамъӣ худдорӣ кунанд. 16-уми март ин кишвар аз ошкор шудани боз 115 ҳодисаи нави сироят ба коронавирус хабар дод.
Мутахассисони Институти таҳқиқотии зиддивабои Русия “Микроб” аз муассисаи давлатии Озмоишгоҳи милии тандурустии ҷамъиятии Вазорати тандурустии Тоҷикистон дидан карданд.