Шабонарӯзи гузашта дар олам 164 ҳазору 748 нафар чун сироятшудаи нав ба коронавирус ба қайд гирифта шуданд ва шумори гирифторон аз аввали ҳамагирӣ ба 116 миллиону 233 ҳазору 565 нафар расид. Дар 24 соати гузашта боз 5 ҳазору 13 нафар аз ин вируси маргзо ҳалок шуданд ва теъдоди ҷонбохтагон аз аввали ҳамагирӣ ба 2 миллиону 581 ҳазору 943 нафар расидааст. Созмони ҷаҳонии тандурустӣ хабар дод, ки то кунун 91 миллиону 902 ҳазору 716 нафар пурра муолиҷа шудаанд, вале 90 ҳазору 081 нафар дар ҳоли вазнин мебошанд.
Чун рӯзҳои пеш ИМА, Ҳинд ва Бразилия се кишваре мебошанд, ки аз ҳама бештар гирифторон ба коронавирус доранд.
Перу аввалин бастаи воксани зидди коронавируси тавлиди ширкати амрикоии Pfizer-ро дарёфт кард.
Президенти Фаронса Эммануэл Макрон мавқеъи худро дар мавриди маҳдудиятҳои нави зидди коронаӣ иброз дошт. Вай гуфт: ҳоло, ки воксанҳо дар яхдонҳои шумост, ман аз эълони ҳар гуна карантини иловагӣ худдорӣ мекунам.
Дар Шветсия теъдоди марг ба асари КОВИД-19 дар шабонарӯзи гузашта дар қиёс ба як рӯзи пеш 13 нафар афзуд.
Юнон тадбирҳои нави зидди коронавирус меандешад, карантини эълоншуда шадидтар мешавад. Аз 4 марти соли равон сокинон метавонанд танҳо ба он бонкҳо ва марказҳои тиҷоратӣ ва дукону мағозаҳое раванд, ки дар қаламрави ноҳияи истиқомати онҳо ҷойгиранд. Истифодаи мошинҳо низ ба ин хотир манъ шудааст. Ин маҳдудиятҳо то 16 март идома хоҳанд кард.
Ироқ расман воксани русии «Спутник V» -ро ба қайд гирифт.
Хазинаи Русиягии сармоягузориҳои мустақим сабти воксани русии "Спутник V" дар Шри-Ланкаро тас диқ намуд.
Ҳукумати Таиланд моҳи июл инзивои ҳатмии сайёҳони хориҷӣ ба қаламрави ин подшоҳиро кутоҳ мекунад. Қарор аст моҳи октябр дар ин кишвар карантин пурра барҳам дода шавад.
Эҳтимол меравад Ҷопон низоми ҳолати фавқулода дар кишварро дар иртибот ба авҷи сирояти коронавирус боз ду ҳафтаи дигар тамдид кунад. Ин дар ҳолест, ки муҳлати эълоншуда дар Токио ва навоҳии наздик ба он рӯзҳои наздик ба анҷом мерасад.
Чин фурӯши се доруи суннатии тиббиро барои муолиҷаи COVID-19 иҷозат дод.
Ҳукумати Гурҷистон барои дарёфти 1 миллион доза воксани коронавируси тавлиди ширкати дорусозии амрикоии Novavax мувофиқат кард.
Дар Қазоқистон шумори гирифторони шабонарӯзии коронавирус афзудааст. Мақомот ахиран эълон карданд, ки зарфи 24 соати гузашта дар ин кишвар 804 мубталои навро ба қайд гиифтаанд, ки аз рӯзи пеш 87 бемор бештар аст.
Қирғизистон аз ошкор шудани боз 54 ҳодисаи сирояти нав ба коронавирус хабар дод.
Шумори мубталоён ба КОВИД-19 дар Ӯзбекистон аз аввали ҳамагирӣ ба 80 035 нафар расидааст.