Воксани Pfizer-BioNTech метавонад муддати ду ҳафта дар яхдони муқаррарӣ дар сардии 20 дараҷа поини сифр нигоҳ дошта шавад. Дар ин бора рӯзи панҷшанбе Раёсати назорати сифати маводи ғизоӣ ва доруҳои тиббии Амрико хабар дод. Пештар гуфта мешуд, ки ин воксан бояд дар сардии на камтар аз 70 дараҷа поини сифр нигоҳдорӣ шавад ва ба таҷҳизоти махсусе ниёз дорад, ки ин кори ҳамлу нақли онро душвор мекунад. Дар ИМА ва кишварҳои Аврупо аксари мардум маҳз бо ҳамин гунаи воксан худро зидди коронавирус эм кардаанд. Восанҳои дигари маъруфиятдошта инҳоянд: Oxford/AstroZeneca, Moderna, "Спутник V"-и тавлиди Русия ва Sinovac тавлиди Чин.
Дар Иттиҳоди Аврупо, 6,4% аҳолӣ яке аз ду дозаи зарурии ваксинаи COVID-19 -ро гирифтанд. Афзоиши назарраси миқдори воксанҳои ба ИА пешниҳодшуда аз тамоми таъминкунандагон дар моҳҳои оянда дар назар аст.
Вазорати тандурустии Канада истифодаи воксани AstraZeneca -ро барои эмгузаронии аҳолӣ аз сирояти коронавирус тасдиқ кард. Мутахассисон самаранокии воксанро 62,1% арзёбӣ мекунанд. Воксанҳо ба шахсоне гузаронида мешаванд, ки ба синни 18 расидаанд.
Чин ба Алҷазоир 200 ҳазор доза воксани Sinopharm туҳфа кард. Бино ба гузориши хабаргузориҳои Алҷазоир ин воксан то фурудгоҳи ҳарбии Буфариқ расид. Охири моҳи январ ба ин кишвар аз Русия ба миқдори 50 ҳазор доза воксани «Спутник V» ва 50 ҳазор доза воксани британиёиву шведии AstraZeneca интиқол дода шуда буд. Алҷазоир аз 30 январи соли равон эмкунии аҳолии худро оғоз карда буд.
26 феврал соати 09:00 бо вақти маҳаллӣ дар Кореяи Ҷанубӣ 1095 нуқтаи эмкунӣ аз КОВИД-19 боз шуд. Ин нуқтаҳои эмкунӣ дар хонаҳои пирсолон ва муассисаҳои тиббии давлатӣ ҷойгиранд.
Дар Қувваҳои мусаллаҳи Русия то 26 феврали соли равон беш аз ҳазор сироятшуда ба коронавирус ифшо шуданд. Аз моҳи марти соли 2020 то ба имрӯз дар дар миёни афсарону сарбозони қавваҳои мусаллаҳи ин кишвар 1143 мубтало ба КОВИД-19 сабт шудааст.
26 феврал дар Қирғизистон боз 51 гирифтори нав ба коронавирус ба қайд гирифта шуд, ки 10 нафари онҳо сокинони Бишкек буданд. Ҳоло 368 нафар дар бемористонҳо табобат мегиранд ва ҳоли 20 нафари онҳо вазнин гузориш шудааст.
Шабонарӯзи гузашта дар Ӯзбекистон 31 сироятшудаи нав ба қайд гирифта шуд.