COVID-19: Шумори гирифторон ва фавтидагони нав рӯ ба коҳиш овардааст. 6,7 миллион сокинони Тоҷикистон эм карда хоҳанд шуд

Ҳамагирӣ рӯ ба таназзул меорад, вале мутатсияи нави коронавирус беш аз пеш кишварҳои бештарро фаро мегирад, хабар дод Созмони ҷаҳонии тандурустӣ. “Ин шашумин ҳафта аст, ки шумори мубталоёни шабонарӯзӣ ба КОВИД-19 дар саросари олам рӯ ба коҳиш овардааст. Ҳафтаи гузашта 2,4 миллион сироятшудаи нав сабт шуд, ки аз ҳафтаи қабл 11% камтар аст. Шумори фавтидагони нав ҳам рӯз ба рӯз кам мешавад: ҳафтаи гузашта  қариб 66 ҳазор ҳодисаи марги нав бар асари коронавирус ба қайд гирифта шуд, ки дар қиёс ба як ҳафтаи пеш 20% камтар аст”, - омадааст дар варақаи ин созмон, ки ҳоло дар сомонаи он дастрас аст.

Дар Фаронса одамони аз 65-сола поён метавонанд аз аввали моҳи апрели соли равон худро зидди коронавирус эм кунанд.

Дар Нидерландия алалкай беш аз як миллион нафар воксан гирифтанд, ки ин 7% аҳолиро ташкил медиҳад. 

Аввалин бастаҳои воксани русии "Спутник V" ба Черногория расид.

Ҷумҳурии Сан-Марино ба эмкунии аҳолии қаламрави худ бо воксани русии  "Спутник V"оғоз кард. 

Вазири тандурустии Туркия Фаҳреттин Коҷа рӯзи панҷшанбе эълон кард, ки дар ин кишвар озмоиши токсикологии воксани русии "Спутник V" оғоз шудааст.

Шабонарӯзи гузашт адар Русия боз 11 198 нафар гирифторони нав ба  COVID-19 сабт шудааст.

Қазоқистон гуфт, ки дар 24 соати гузашта 795 олуда ба коронавирусро ошкор кардааст.

Вазорати тандурустии Қирғизистон шабонарӯзи гузашта 66 ҳодисаи нави гирифторӣ ба вируси коронаро ошкор кардааст.

 

Ӯзбекистон хабар дод, ки шабонарӯзи гузашта 24 мубталои нав сабт шудаву шумори умумии гирифторон ба КОВИД-19 дар ҷумҳурӣ аз оғози ҳамагирӣ ба 79 773 нафар расидааст. 

Вазири тандурустии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода изҳор дошт, ки беш аз 6,7 миллион сокинони кишвар зидди коронавирус эм карда хоҳанд шуд. 5,8 миллион нафар бо воксани русии Спутник V» ва 1,8 миллион нафар тибқи барномаи COVAX эм карда мешаванд.

Вазири тандурустӣ қайд кард, ки дар айни замон мақомоти давлатӣ бо Русия дар мавриди дарёфти воксани«Спутник V» гуфтушунид мекунанд, аммо воксани  ширкати AstraZeneca ба миқдори 732 ҳазор доза ройгон охири моҳи феврал ба Тоҷикистон ворид карда хоҳад шуд.