Шабонарӯзи гузашта дар олам боз 164 ҳазору 45 нафар сироятшудагон ба вируси корона ба қайд гирифта шуданд. Шумори умумии олудашудагон ба ин вирус дар олам ба 112 миллиону 676 ҳазору 629 нафар расид. Аз ин беморӣ то кунун 2 миллиону 497 ҳазору 56 нафар ҷон бохтаанд. Теъдоди муолиҷашудагон 88 миллиону 263 ҳазору 391 нафар эълон шуд.
Директори кулли Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Аданом Гебрейесус рӯзи сешанбе аз кишвраҳои даромадашон баланд ба ҳар сари аҳолӣ даъват кард, ки як қисм аз воксанҳои дар ихтиёр доштаи худ аз коронавирусро ба механизми COVAX таҳвил диҳанд, то дастрасӣ ба эманӣ барои сокинони давлатҳои камдаромад таъмин гардад.
Сарвари Комиссияи Аврупо Урсула фон дер Ляйен аз пешниҳоди президенти Фаронса Эммануэл Макрон дар мавриди ба кормандони тиббии кишварҳои Африқо додани воксан аз коронавирус ҷонибдорӣ кард.
Рӯзҳои наздик Канада миқдори хеле бузурги дозаҳои воксан аз коронавирусро дарёфт хоҳад кард. Дар ин бора ахиран The Canadian Press навишт. Бино ба навиштаи ин нашрия ширкати дорусозии Pfizer/BioNTech ин ҳафта ба Канада 475 ҳазор ва ширкати Moderna 168 ҳазор доза воксани зидди коронави рус хоҳанд расонд. Ба ҳамин тартиб ин кишвар зарфи як ҳафта бузургтарин миқдори воксан аз коронавирус аз замони ҳамагириро дарёфт мекунад.
Мексика аввалин бастаҳои воксани русии «Спутник V» аз КОВИД-19-ро дарёфт кард.
Олмон гирифтори мавҷи сеюми коронавирус шуд.
Шабонарӯзи гузашта дар Русия 11 823 ҳодисаи нави мубталоӣ ба коронавирусро ба қайд гирифтанд. Ин камтарин нишондиҳандаи сирояти шабонарӯзӣ аз моҳи октябри соли 2020 мебошад.
Қазоқистон гуфт, ки дар шабонарӯзи гузашта 692 гирифтори нав ба коронавирусро шиносоӣ кардааст.
Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) ба Хадмоти беҳдоштӣ ва эпидемиологиии Ӯзбекистон 223 адад тахника барои интиқоли воксанҳо аз COVID-19 бахшид.