Барои он, ки дар бораи Артиши миллӣ –ҳамчун сипар ва ҳимоятгари кишвари азизамон сухан ронем, мехоҳам аз таърихи гузаштагонамон, аниқтараш аз подшоҳи хирадманду адолатпеша, номбардору қавиирода ва сарлашкари тавоное, ки бо тадбиру салоҳ ва талошҳои ҷонгудозе давлати Сомониёнро ривоҷу равнақ ва нашъу намо дод, Амир Исмоили Сомонӣ ёдовар шавем.
Дар даврони ин шахси таърихӣ ва миллатдӯсту ватанпарвар давлати Сомониён, ҳамчун як давлати тамадунофар ба яке аз давлатҳои мустақилу мутаммарказ табдил ёфт. Суханони ин сарлашкари бузургу тавоно рўҳияи халқ ва миллатро баланд бардошта, ба ояндаи нек онҳоро роҳнамоӣ менамуд, ки чунин гуфта буд: «То вақте ки зиндаам, Бухороро ба мисли девори бегазанд ҳифз менамоям».
Дар ҳақиқат Исмоили Сомонӣ девори мустаҳками Бухоро, девори нангу номусу миллӣ, шаъну шарафу ифтихори миллати тоҷикон, нахустин шоҳ ва сарлашкаре буд, ки бо ҷавонмардиву диловарӣ, фарҳангу адабпарварӣ, адолатҷўиву додхоҳӣ, хирадмандиву фазлу дониши баланд, инсонпарварию раъиятдўстӣ шўҳрти олам гашта буд.
Матни комили мақола: Артиши миллӣ-сипари боэътимод ва омили зиндагии ободу осудаи кишвар