Комиссияи Аврупо ба ивази 870 миллион евро аз ширкати шведу британиёии AstraZeneca 300 миллион дозаи воксани коронавирус мехарад. Дар Мексика барои ҳимояи солмандон аз коронавирус аз воксани русии «Спутник V» истифода мекунанд. Аввал сокинони яке аз шаҳрҳое бо ин воксан эм карда хоҳанд шуд, ки мизони талафоти ҷонӣ бар асари КОВИД-19 дар он аз ҳама боло буд.
Дар Венесуэла эмкеунии сартосарӣ бо воксани русии «Спутник V» оғоз шуд.
Пойтахти давлати Парагвай шаҳри Асунсон аввалин бастаи воксани русии «Спутник V» - ро дарёфт кард.
Ҳукумати Олмон қарор дар бораи намояндаи вижаи ваколатдор дар масъалаҳои таъмини сокинон бо воксани зиди COVID-19-ро қабул кард.
Эрон ба истеҳсоли воксани русии «Спутник V» дар қаламрави худ барои эмкунии сокинони ин кишварро оғоз мекунад. Теҳрон барои эмкунии аҳолӣ доруҳои гуногунро истифода хоҳад кард. Аз ҷумла воксанҳои тавлиди Русия, Ҳинд, Чин барои эм намудани аҳолӣ мавриди истифодаи васеъ қарор хоҳанд гирифт.
19 феврал дар Кореяи Ҷанубӣ дуюмин омӯзишҳои умумидавлатии интиқоли воксан аз коронавирус баргузор шуд.
Вазорати тандурустии Ҷопон аз кашфи бештар аз 90 ҳодисаи сироят ба штамми нави коронавирус SARS-CoV-2 хабар дод. Ин манбаъ гуфт, ки гунаи нави коронавирус ба Ҷопон аз хориҷ ворид шудааст. Ин навъи нав аз гунаҳои то кунун ошкоршуда дар Британияи Кабир ва Африқои Ҷанубӣ фарқ мекунад.
Аз 22 феврали соли равон аз ҳашт кишвари Аврупо метавонанд бемонеъа ва маҳдудият ба Эстония ворид шаванд. Барои воридшавандагон аз мамолики дигар озмоиш ва худинзивоъи даҳрӯза ҳатмист.
Шумори мубталоёни нав дар шабонарӯзи гузашта дар Русия 13 433 нафар эълон шуд. Ба назар мерасад батадриҷ вазъ бо коронавирус дар ин кишвар ба эътидол меояд.
Шабонарӯзи гузашта дар Қазоқистон 10 нафар мубталоён ба КОВИД-19 ҷон бохтанд.
Созмони Милали Муттаҳид барои Қирғизистон ҷиҳати татбиқи барномаи мубориза бо ҳамагирии КОВИД-19 дар солҳои 2021-2022 пул ҷудо мекунад.