Рон Ройт намояндаи ҳизби ҷумҳурихоҳи ИМА ва узви Палатаи намояндагони Конгресси Амрико аз иёлоти Техас, ки 67 сол дошт, бар асари сироят ба коронавирус аз олам даргузашт. Рон Ройн се ҳафта пеш хабар дода буд, ки олудаи КОВИД-19 шудааст ва ҳоло ба муолиҷа пардохтааст. Рон Ройт мубталои бемории саратон буду солҳо бо ин касалӣ дар мубориза бурд ва билохира аз корона ҷон бохт.
Намояндаи Конгресси Амрико бо тайиди ин хабар афзуд, ки “Рон Ройт рӯзи якшанбе, 7 феврал тарки олам кард”.
Ин аввалин марги сенаторон дар Конгресси ИМА аз КОВИД-19 аст. Аз ин пештар дар бораи сирояти иддае аз онҳо хабарҳо паҳн шуда буданд. Вале хабари марги як мақоми баландпояи Конгрессии ИМА бар асари коронавирус бори нахуст расонаӣ мешавад.