Савганди садоқати наваскарони даъвати тирамоҳӣ дар Суғд

Дар қисми низомии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд маросими қабули савганди ҳарбии наваскорони даъват тирамоҳии соли 2020 баргузор гардид. Маросими  мазкур бо ширкати муовини Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон полковник Ҷамшед Маҳмадзода, Сардори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд полковник Додиён Баҳром Одина баргузор гардид.
Чорабинӣ бо  суруди миллӣ оғоз шуд, наваскарон тантанавор савганди ҳарбӣ ёд карданд. Сипас, муовини Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон полковник Ҷамшед Маҳмадзода суханронӣ кард. Вай табрикоти Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенант Рустам Назарзодаро қироат кард, полковник  Додиён Баҳром Одина бошад табрикоти Раиси вилояти Суғд   Раҷаббой Аҳмадзодаро хонд.

Ин рӯз барои кулли наваскарон як рӯзи фаромӯшношуданӣ хоҳад буд. Маҳз баъди савганди садоқат ба Ватан онҳо сарбози Ватан хоҳанд буд ва муддати ду сол илова ба он ки хизмати софдилона мекунанд, боз дониш меомӯзанд, малакаҳои худро такмил медиҳанд.

Хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ ин як мактаби ҷасорату мардонагист. Дар ин ду сол сарбозон имкон пайдо мекунанд бо ҳама навъҳои силоҳҳо ошно шаванд, дониши ҳарбиву сиёсии худро боло баранд, касб омӯзанд ва оянда ин омӯзишҳоро дар ҳаёти берун аз аскарӣ истифода кунанд.

Дар охири чорабинӣ меҳмонон, волидайни сарбозон аз шароити зисту зиндагонии сарбозон шинос карда шуданд. Шароити фароҳаовардашуда табъи волидон ва дӯстони наваскаронро шод кард.

Дар поёни маросим барои сарбозон дастурхони идона густурда шуд.

Маврид ба ёдоварист, ки маросими савгандёдкунии наваскарони даъвати тирамоҳӣ бо риояи ҳама қоидаҳои беҳдоштӣ баргузор гардид. 

 


Шаҳзода Бутаева, сардори бахши кор бо ҷомеаи Раёсати вилояти Суғд
лейтенанти калон.