Як духтари 16-сола дар дар ноҳияи Шуғнон даст ба худкушӣ задааст. Ин ҳодиса дирӯз, 29-ноябр бегоҳӣ тақрибан соатҳои 18:30 дар деҳаи Чарсеми ҷамоати деҳоти Вери ноҳия рух додааст. Сабаби ҳодиса маълум нест.
Бино ба гузориши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ин духтари 16-сола худро дар хонаи хобаш овехтааст. Волидонаш мегӯянд марҳум ягон мушкиле дар хона надошт.
Манбаъ дар идомаи хабар гуфтааст, ки духтар хонандаи синфи 9 МТМУ №40 будааст.
Айни замон аз ҷониби мақомоти дахлдор тафтишот идома дорад.