Ба Раёсати КҲФ дар ВМКБ харитаҳои минтақаҳои хатарнок расонда шуданд

Харитаҳои таҳияшудаи рақамии минтақаҳои хатарнок, ки дар қаламрави вилоят ҷойгиранд, ба Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудифиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ расиданд.  Харитаҳо дар ҳамкорӣ бо Бахши Агентии Оғохон оид ба Муҳити зист таҳия шуданд.

Дар харитаҳо хатарноктарин минтақаҳои вилоят нишон дода шудаанд ва аз ин ба баъд дар ин минтақаҳо заминҳо барои сохтани манзилҳои истиқоматӣ ҷудо карда нахоҳанд шуд. 

Ин харитаҳо ва истифодаи онҳо ба пешгирӣ аз паёмадҳои фоҷеабор ҳангоми ҳолатҳои фавқулода мусоидат хоҳанд кард.