Бино ба оморҳои расмӣ тайи рӯзҳои охир дар роҳҳои мухталифи кишвар садамаҳои нақлиётӣ хеле зиёд бамал меоянд ва мутаассифона, дар бисёр мавридҳо одамон ҷони худро аз даст медиҳанд. Дар миёни қурбониёни садамаҳои марговар ронандагон, мусофирон, занону мардон, пирсолону ноболиғон низ зиёд ба назар мерасанд. Аксари ин садамаҳо бар асари риоя нашудани қоидаҳои ҳаракат аз ҷониби ронандагон рух медиҳанд, ки хеле нигаронкунанда аст. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон борҳо дар мавридҳои гуногун ба ронандагон муроҷиат карда буд, ки риояи қоидаҳои ҳаракат гарави аслии ҳифзи саломатии худи онҳост.
Тибқи маълумоти Агентии обуҳавошиносии кишвар, аз 28 ноябр то 3 декабри соли 2020 дар минтақаҳои гуногуни доманакӯҳ ва кӯҳистони кишвар боридани борон ва барф пешгӯӣ карда мешавад. Ин манбаъ гуфтааст, ки дар аксар мавридҳо борони шадид ба барфи тар табдил мешавад ва табиист, ки ин ҳолат ҳаракати мошинҳо ва одамонро дар роҳҳои кӯҳӣ мушкилу хатарзо мекунад.
Бо назардошти ин, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ба ронандагон хотиррасон мекунад, ки ронандагӣ дар чунин ҳаво вижагиҳои хоси худро дорад. Дар назар доштан лозим аст, ки коэффитсиенти часпиши чархҳо ба роҳ дар сатҳи асфалти бетони тар назар ба хушк 1,5-2 маротиба камтар аст, хусусан бо назардошти роҳҳо ва ағбаҳои кӯҳии мо.
Ронандагон бояд махсусан дар роҳ эҳтиёткор бошанд, қоидаҳои ҳаракатро қатъиян риоя кунанд. Онҳое, ки нав мошинрониро омӯхтаанд, беҳтараш аз сафар бо роҳҳои мушкилгузар худдорӣ намоянд. Роҳҳои кӯҳӣ дар ҳавои сарду боронӣ сангрезишу тарма доранд ва барои ин ронандагон бояд маҳорату малакаҳои хуби ронандагиро дошта бошанд.
KҲФ ба ронандагон хотиррасон мекунад, ки либоси гарм, чароғаки дастӣ, бели хурд, ресмон, сӯзишвории эҳтиётӣ, дар термос оби гарм бо худ дошта бошанд. Инчунин, дорухонаи ёрии аввалияро дар мошин нав кардан лозим аст. Бо худ якчанд симкорт ва пуркунандаи барқ барои телефонҳои мобилӣ дошта бошед.
ДАР ЁД ДОШТА БОШЕД: асвалти тоза дар ҳавои сард таҳдидҳои зиёд ба ронанда дорад. Он метавонад бо қабати номаълум ва басо нафиси як пӯшида шуда бошад. Аз ин рӯ риояи фосила миёни мошинҳо ва боло набурдани суръати ҳаракат як роҳи эминӣ аз ҳар гуна хатарҳост!
Ронандагони муҳтарам! Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба шумо муроҷиат мекунад! Ҳар ҷое мераведу барои зуд расидан шитоб мекунед, пас бидонед, ки он дақиқаҳои сарфашуда саломатии шуморо барнамегардонанд ва агар боз фоҷеае пеш ояд, мусибат гаронтару сангинтар мешавад.
Пас эҳтиёткор бошед, масъулияти худро назди атрофиён ва бахусус пайвандонатон аз ёд набароред!
Дар ҳоли пеш омадани ҳодисаи фавқулода ба шумораи 112 ва ба Қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда бо телефонҳои 223 13, 11 ва ё 93 880 28 19 хабар диҳед!