Ҷаласаи ҷамъбастии Комиссияи минтақавии ҳолатҳои фавқулодда барои соли 2020 дар бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таҳти раёсати Сарвари вилоят Ёдгор Файзов баргузор гардид. Дар ҷаласа муовинони роҳбарони раиси вилоят, раисони ноҳияҳои ВМКБ, аъзои комиссия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои минтақавии масъули Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ширкат варзиданд.
Дар ҷараёни ҷаласа, иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2020 "Дар бораи чораҳои омодасозии иншоотҳои соҳаи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ба кор дар давраи тирамоҳу зимистони соли 2020-2021" мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ҳисоботи шахсони масъули ҳам Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва ҳам мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар бораи корҳои анҷомдода шунида шуд.
Инчунин масъалаҳои пешгирии ҳолатҳои фавқулоддаи эҳтимолӣ дар баҳори соли 2021 дар минтақа баррасӣ шуд.
Дар охири ҷаласа натиҷаҳо ҷамъбаст карда шуда, ба роҳбарон ва намояндагони хадамоти гуногуни минтақа барои иҷрои вазифаҳо супоришҳои мушаххас дода шуданд.