Маросими савганёдкунии наваскарони даъвати тирамоҳӣ дар яке аз қисмҳои ҳарбии КҲФ

27 ноябри соли 2020 дар қисми низомии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар ноҳияи Вахши вилояти Хатлон, маросими тантанавии савгандёдкунии наваскарон барои садоқат ба Ватан баргузор шуд.  Дар ин чорабинӣ раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенант Рустам Назарзода ва роҳбарони ҳокимияти давлатии ноҳияи Вахш ширкат варзиданд.

 Пас аз фармони омода намудани ҳайати шахсӣ ба савгандёдкунӣ  дар ҳузури ҳайати фармондеҳии қисми ҳарбӣ, хешовандон ва дӯстон, наваскарон ба Ватан савганди садоқат ёд карданд ва қавл доданд, ки вазифаи ҳарбии худро бошарафона иҷро мекунанд, озодӣ, истиқлолият ва сохти конститутсионии Тоҷикистонро далерона ҳимоя мекунанд.

 Роҳбари Кумита генерал-лейтенант Рустам Назарзода ба наваскарон муроҷиат карда гуфт: «Имрӯз дар ҳаёти онҳое, ки савганди садоқат ба мардуми ҷумҳурӣ ёд карданд, рӯзи хеле муҳим аст. Бояд дар хотир дошт, ки суханоне, ки имрӯз гуфтаед, пеш аз ҳама, эътимоди волидайн, хешовандон ва дӯстони худ ҳастанд, ки шумо ҳамеша барои ҳимояи онҳо омода хоҳед буд. Аз ин рӯ, ман мехостам ҳамаи онҳоеро, ки ҳоло ин ҷо саф кашидаанд, даъват кунам, ки бо як ҷаҳон ҳисси ифтихору шарафмандӣ хизмати содиқона ба Ватан ва миллати азизро қарзи худ бидонанд”.

Пас аз савганд - хизмати ҳарбӣ. Наваскарон ба қисмҳо вобаста карда мешаванд ва онҳо аллакай бо омодагии ҳарбӣ шурӯъ мекунанд.

барчасп: