25-уми ноябри соли 2020 тақрибан соатҳои 07:20 дақиқа, дар бинои Кудакистони №2-и шаҳри Бохтар сӯхтор ба амал омад. Баъди гирифтани хабари фаврӣ дастаи махсуи зудамали наҷоти бахши Раёсат дар шаҳри Бохтар, дар ҳайати 16-нафар ба ҷои ҳодиса сафарбар шуда, якҷо бо хадамоти оташнишонии шаҳри Бохтар, барои хомӯш намудани алангаи оташ ва кӯчонидани молу амволи Кӯдакистони мазкур мусоидат намудан.
Дар рафти сухтор дар Кӯдакистони №2-и шаҳри Бохтар, талафоти ҷонӣ бақайд гирифта нашудааст. Гуфтанист ин боғча яке аз кӯдакистонҳои хеле қадимии шаҳр аст ва он дар назди Коллеҷи тиббии шаҳр ҷой гирифтааст.
Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ сабабҳои сар задани сӯхторро таҳқиқ мекунанд.
*** *** ***
25-уми ноябри соли 2020 тақрибан соатҳои 12:45 дақиқа дар ҷамоати деҳоти Фондарё, деҳаи Шурмашки ноҳияи Айнӣ, дар мавзеъи Шомеъ аз баландии тақрибан 250 метр аз кӯҳ ба болои деҳа сангпора сарозер шуда, ба хонаи истиқоматии шаҳрванди ҳамин деҳа Бердиев Самараддин зарари сабук расонидааст.
Бо гирифтани хабар гурӯҳи кории Комиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи ноҳияи Айнӣ ташкил карда шуда, аз ҷои воқеъа дидан намуданд.
Бинобар сабаби хонаи истиқоматии шаҳрванд дар ҷои хавфнок ҷойгир буданаш, оилаи зарардидаро муваққатан ба бинои МТМУ№18-и деҳа кӯчониданд.
Комиссия санад ва маълумотнома тартиб дод ва барои чораҷӯи ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айни пешниҳод кард.
*** *** ***
Нимишаби 25-уми ноябр имдодгарони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ба ёрии сокини кӯчаи Шамӣ 12, воқеъ дар ноҳияи Синои пойтахт расиданд.
Номбурда занг зад ва хабар дод, ки дари хонааш аз дарун маҳкам шудаву имкони вуруд аз берун надорад.
Дастаи наҷот бо истифода аз таҷҳизоти махсус дари бастаи хонаи шаҳрвандро беосеб боз карданд.
Борҳо гуфтаему боз мегӯем, ки шаҳрвандон аз хона бе саросемагӣ берун шаванд ва ҳатман калидҳои худро бо худ гиранд.