Дар қаламрави кишвар ҷамъбасти натиҷаҳои кори Комиссияҳои ноҳиявӣ, шаҳрӣ ва вилоятии ҳолатҳои фавқулодда идома доранд, ки дар онҳо намояндагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок мекунанд.
Чунончӣ, дар ду ноҳияи пойтахт - Фирдавсӣ ва Исмоили Сомонӣ ва дар минтақаи Рӯдакӣ бо иштироки раисони Комиссияи ҳолатҳои фавқулодда - роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Душанбе ва ноҳияи Рӯдакӣ ҷаласаҳои комиссияҳои ҳолатҳои фавқулода баргузор гардиданд, ки дар онҳо натиҷаҳои кори якҷояи ҳамаи хадамот ва воҳидҳои ноҳияҳо барои пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда дар соли гузашта, инчунин ҳадафҳо барои соли 2021барарсӣ ва ҷамъбаст шуданд.
Дар ҷаласа намояндагони комиссияҳои ҳолатҳои фавқулодда ва воҳидҳои ҳудудии Системаи ягонаи пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулоддаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, хадамоти мудофиаи гражданӣ, роҳбарони иншооти иқтисодӣ, раисони ҷамоатҳо ва маҳаллаҳо ширкат варзиданд.
Дар рӯзнома масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ қарор гирифтанд:
- Ҷамъбасти натиҷаҳои иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи сари вақт омода кардани бахшҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар ба фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони 2020-2021", ки 31 марти соли 2020 тасдиқ шудааст;
- Ҳисоботи раисони комиссияҳои ҳолатҳои фавқулодда дар бораи корҳои анҷомдодашуда дар соли 2020.
- Дар бораи тасдиқи Нақша - тадбирҳо оид ба пешгирии ҳолатҳои фавқулодда дар давраи баҳор ва тобистони 2021.
- Инчунин, дар ҷараёни мулоқотҳо масъалаҳо оид ба корҳо дар соҳаи пешгирии паҳншавии сирояти коронавирус, пурзӯр намудани таблиғот, омодагии наҷотдиҳандагон барои хизмат дар фасли зимистон, омодагии воситаҳои техникӣ баррасӣ шуданд. Дар охири маҷлисҳо қарорҳои дахлдор қабул ва мӯҳлатҳо муқаррар карда шуданд.