Боздиди сарвари тозатаъини намояндагии Швейтсария оид ба ҳамкориҳо аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда

Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенант Рустам Назарзода ҳайати Дафтари намояндагии Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо роҳбарии директори нави он хонум Саломе Штейб ба ҳузур пазируфт.

Сарвари идораи наҷоти кишвар Сардори Дафтари намояндагии Швейтсария оид ба ҳамкориро ба муносибати ба ин вазифа таъин шуданаш муборакбод кард ва ба ҳайат дар бораи фаъолияти КҲФ ва воҳидҳои сохтории он муфассал нақл намуд.

Риси КҲФ ба сатҳи баланди ҳамкориҳо дар самти коҳиши хатари офатҳои табиӣ миёни Тоҷикистон ва Швейтсария ишора намуда, инчунин дар бораи корҳое, ки дар кишвар вобаста ба ин гузаронида мешаванд, дар бораи ҳамкориҳои байналмилалӣ бо сохторҳои марбутаи кишварҳои хориҷӣ дар ин самт, инчунин оид ба татбиқи минбаъда барномаи дар ҳоли иҷрои кӯли Сарез, омӯзиш ва бозомӯзии мутахассисон муфассал нақл кард.

Хонум Штайб барои пазироии гарму самимӣ изҳори сипос намуд ва ба фаъолияти КҲФ баҳои баланд дод. 

Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо қайд карданд, ки ин дидор дар муносибатҳои дуҷониба саҳифаи нав мекушояд ва барои тавсеаи минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи коҳиш додани хатари офатҳои табиӣ такони нав мебахшад.

барчасп: