COVID-19: Шумори гирифторон дар олам аз 60 миллион гузашт. Ӯзбекистон гуфт, ки ба санҷиши тестии воксани чинӣ бар зидди коронавирус оғоз кардааст

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ шумори гирифторон ба коронавирус дар оламро  60 миллиону 108 ҳазору 193 нафар эълон кард. Аз ин вирус то кунун 1 миллиону  414 ҳазору 925 нафар ҷон бохтаанд. Шабонарӯзи гузашта дар олам боз 180 ҳазору 475 нафар мубталоёни нав сабт шуданд ва 5 ҳазору 106 нафар фавтидаанд. Имрӯз дар бемористонҳои кулли кишварҳои дунё 103 ҳазору 599 нафар дар ҳоли вазнин қарор доранд. Шумори муолиҷашудагон аз ин беморӣ 41 миллиону 556 ҳазору 897 нафар гуфта шудааст.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон шумори мубталоён ба коронавирус дар кишварро шоми гузашта 11 971 нафар эълон кард. Аз ин беморӣ 86 нафар ҷон бохтаанд ва 11355 (94,8%) нафар муолиҷа шудаанд. 

Ҳамоно беш аз 43% ҳолати сироят ба коронавирус дар Амрикои Шимоливу Ҷанубӣ (199 949) мушоҳида шудааст ва дар ҷойи дуюм Аврупо (172 196) ва сеюм Осиёи Ҷанубу Шарқӣ (48 568).

Донишмандони Пажӯҳишгоҳи миллии тандурустии ИМА боз як нишони пайдоиши коронавирусро дар марҳилаи аввал муайян карданд. Онҳо мегӯянд дар марҳилаи аввали сироят инсон метавонад дар даҳон ба иллати вайрон шудани бофтҳои пӯшишӣ ё эпителияи ҳисси бӯй ва мазза тамъи флиззӣ эҳсос кунад.  

Дар Италия зарфи 24 соати гузашта 853 нафар бар асари сироят ба коронавирус фавтиданд, ки ин рақами рекордии маргумир аз аввали моҳи марти соли равон мебошад. Италия дар маргумир бар асари КОВИД-19 дар олам шашумин кишвар ва дар Аврупо баъди Британияи Кабир дуюмин кишвар аст. 

Ҳаддиаксари  мизони маргу мири рӯзона дар миёни шахсони олуда дар мавҷи дуюми ҳамагирӣ дар Испания сабт шуд. Тайи 24 соати гузашта 537 нафаргирифторони COVID-19 дар кишвар ҷони худро аз даст доданд.

Сервисҳои тандурустии Гонконг рӯзи сешанбе аз баста шудани барҳо ва клубҳои шабона ба хотири таҳкими мубориза бо коронавирус хабар доданд,  илова бар ин караоке-барҳо ва дигар марказҳо ва маконҳои дилхӯшӣ низ баста мешаванд. 

 Дар Туркия зарфи шабонарӯзи гузашта 7381 сироятшудаи нав сабт шуданд, дар ин 24 соат дар бемористонҳои ин кишвар 161 мубтало ба COVID-19 фавтиданд.

Дар пасманзараи тақозои густарда ба дастпӯшҳои резинӣ дар олам калотарин ва бузургтарин тавлидкунандаи он Top Glove ба қароре омад, ки ниме аз корхонаҳои худро дар саросари олам таътил кунад. Иллати ин сирояти қариб 2,5 ҳазор командони он ба КОВИД-19 гуфта шудааст. 

Коршиносони Созмони ҷаҳонии тандурустӣ бо иҷоза ва мувофиқати Пекин ба наздикӣ вориди Чин хоҳанд шуд, то маншаи КОВИД-19-ро муайян кунанд.  

Шумори мубталоён ба коронавирус дар руси ба  2 138 828 рисидааст.

Доктори илмҳои тиббӣ Ирина Шестакова гуфт, ки эмкунии аз чор се ҳиссаи аҳолӣ ба коронавирус шарти аслии боздоштани ҳамагирӣ аст. Ӯ дар ин бора дар суҳбаташ дар радиои "Говорит Москва" иброз дошт. Ин духтур тавзеҳ дод, ки ҳатто агар воксан 100% муассир бошад ҳам эмкунии 50% аҳолӣ натиҷаи дилхоҳ барои боздоштани сатҳи сироят нахоҳад дошт.

Сарвазири Русия Михаил Мишустин гуфт, ки эмкунӣ барои коронавирус дар кишвар озоду ихтиёрӣ хоҳад буд ва касе наметавонад каси дигарро маҷбур кунад. 

Қазоқистон аз сирояти боз 678 нафар хабар дод. Ин кишвар гуфтааст, ки барои таҳкими мубориза бо коронавирус ду қарзи калон ба маблағи 1,5 миллиард доллар хоҳад гирифт.

Шумори мубталоён ба КОВИД-19 дар Ӯзбекистон ба 71 985 нафар расидааст. То кунун аз ин беморӣ дар ин кишвар 604 нафар фавтидаанд. Ӯзбекистон санҷиши тестии воксани чинӣ ба муқобили  COVID-19-ро оғоз кард. 

барчасп: