Ҳам тамрин ва ҳам ободонӣ. Як рӯзи машқу поккорӣ дар шаҳри Турсунзода

Дар як чорабинии шуъбаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки имрӯз доир кард, 250 нафар коргарону хизматчиён, 73 сокинони маҳаллӣ, 10 нафар раисони кучаву маҳаллаҳо бо ҷалби 5 техникаи махсус ширкат карданд.

Чорабинӣ дар доираи баргузории машқи махсуси Низоми ягонаи давлати оид ба пешгирӣ ва рафъи ҳлатҳои фавқулодда зери роҳбарии шуъбаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Турсунзода ташкил ва гузаронида шуд

Ҳамзамон бо тамрин ширкаткунандагон даст ба корҳои ободонӣ заданд ва  зиёда аз 186 м3 партовҳо ва 300 метр обгузарҳо тоза гардида, дар масоҳати 1300 м2 бо моеъи гипохлорид натрий корҳои безараргардонӣ гузаронида шуданд.

барчасп: