Наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷараёни роҳандозии корҳои наҷот як мошинеро, ки аз баландӣ ба умқи қариб 900 метр сарозер шуда буд, берун оварданд.
Ин фоҷеа рӯзи 31-уми октябри соли равон дар километри 153 – уми шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд рух дод. Мошини тамғаи «Мерседес-Бенс», ки мутааллиқ ба сокини 57-солаи шаҳри Душанбе буд, ба ҷарии умқаш то 900 метр сарозер шуд. Сабаби ин садмаи мудҳиш дақиқан маълум нест, вале тафтишот мегӯяд як иллати он эҳтимолан суръати баланди ҳаракати мошин буд, ки ронанда натавонист аз уҳдаи идораи он барояд.
Наҷотдиҳандагони КҲФ ба ҷойи ҳодиса расиданд ва саворагонро, ки 3 нафар буданд, аз мошин бо истифода аз таҷҳизоти махсуси садамавӣ берун оварданд.
Мутаассифона, дар ин садамаи мудҳиш ронандаи 57-сола ва мусофири мошин ҷавонзани 31-солаи сокини ноҳияи Варзоб дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Ҳамсафари онҳо ҷавони 23-сола, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд бо ҷароҳатҳои вазнин ба бемористон ноҳияи Айнӣ интиқол дода шуд, вале боз ҳам шӯрбахтона ӯ низ зинда намонд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо як ҷаҳон эҳтиром аз ронандагон хоҳиш мекунад, ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ низоми суръати ҳаракатро ҷиддан риоя кунанд ва ҷони худу ҷони ҳамсафарони худро дар хатар нагузоранд.