Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинони мамлакат мерасонад, ки бо мақсади ҳифзи солимии ҷомеа, таъмини бехатарии аҳолӣ ва пешгирӣ аз паҳншавии мавҷи дуюми ин бемории сироятӣ дар Тоҷикистон баргузории ҳама гуна ҷамъомадҳо, гаштугузорҳо, инчунин идгардак дар рӯзи иди Қурбон манъ мебошад.
Дар хабаре, ки дар ин бора “Ховар” интишор дод, гуфта мешавад: Дар асоси қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор карда шудааст, ки якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва комиссияҳои доимии маҳаллӣ вобаста ба риоя шудани талаботи мазкур корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни аҳолӣ тақвият бахшанд.
Ҳамзамон Ситоди ҷумҳуриявӣ аз сокинони мамлакат даъват менамояд, ки дар асоси тавсияи мутахассисони соҳаи тандурустӣ амал карда, қоидаҳои гигиенаи шахсию ҷамъиятӣ, фосилаи байниҳамдигарӣ ва истифодаи ниқобҳои тиббии муҳофизатиро қатъиян риоя намоянд.