Мусобиқаи варзишӣ бахшида ба рӯзи таъсиси Кумита

Дар Дастгоҳи марказии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи варзишии бозии шашка бахшида ба 26-умин солгарди таъсиси Кумита баргузор шуд, ки дар он 13 нафар кормандон аз воҳидҳои мухталиф ширкат намуданд.

Лейтенанти калон Ш.Сатторов – корманди Раёсати молия ва иқтисоди Кумита ғолиби ин мусобиқа дониста шуд. 

Ҷойи дуюм насиби капитан Д.Абдулвосиев – корманди қисми ҳарбии КҲФ гардид.  Ва Д.Саидов – корманди Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии КҲФ ҷойи сеюмро ишғол кард. 

Ғолибони мусобиқоти варзишӣ бахшида ба 26-солагии таъсиси Кумита бо диплом ва туҳфаҳои пулӣ срафароз гардонда хоҳанд шуд.

 

барчасп: