Генерал-лейтенант Рустам Назарзода бо ибрози нигаронӣ аз афзоиши шумори ғарқшудгон дар обҳои кишвар дар мавсими тобистон гуфт, ки сарфи назар аз муттасилу пайваста роҳандозӣ шудани чорабиниҳои мухталиф, гузаронидани рейдҳо, мулоқот бо истироҳаткунандагон ва суҳбат бо онҳо, интишори мақолаҳо дар нашрияҳо, барномаҳо ба телевизион ва радио мутаассифона, боз ҳам дар иншоотҳои обӣ одамон ба ҳалокат мерасанд.
Бино ба гуфтаи сарвари КҲФ дар натиҷаи риоя накардани қоидаҳои техникаи бехатарӣ ҳангоми шиноварӣ дар дарёву кӯлҳои кишвар 34 (соли 2019 – 57) нафар ҷони худро аз даст доданд. 2 нафари инҳо бачаҳое буданд, ки синнашон аз 4 сол боло набуд. Аз 5 то 10-сола -1, аз 11 то 16-сола – 8, аз 17 то 35-сола - 16 ва аз 35 – сола боло 7 нафар мебошанд.
Дар идомаи суҳбаташ бо хабарнигорон Рустам Назарзода дар бораи мубориза бо коронавирус КОВИД – 19 ҳарф зад. Вай гуфт, ки бо мақсади пешгирӣ аз паҳшавии вируси корона дар ҳудуди кишвар аз моҳи марти соли 2020 корҳои поккориву зиддиуфунӣ ба роҳ монда шуданд. Гурӯҳҳои зудамале, ки махсус барои ин корҳо дар Раёсатҳои шаҳри Душанбе, вилоятҳои Хатлон, Суғд, ВМКБ, ҳамчунин навоҳии тобеъи марказ созмон дода шуданд, бо истифода аз техника дезинфексионӣ корҳои покксозиро ба роҳ монданд. Дар шаҳри Душанбе ҳоло ҳам муттасил корҳои зиддиуфунӣ гузаронида мешаванд. Дар ин давра кормандони Кумита даҳҳо тонна маҳлули гипохлорити натрий истифода карданд.
Аз 1 феврал то охири моҳи июни соли 2020 наздик ба 4000 шаҳрвандоне, ки аз Олмон, Ҳинд, Қазоқистон, Қирғизистон, Чин, Кувейт, Федератсияи Русия, Туркия, Ӯзбекистон ва ИМА бозгашта буданд, бо техникаи КҲФ ба минтақаҳои карантинӣ интиқол ва баъди адои муҳлати будубошашон дар карантин ба хонаҳояшон бурда шуданд.