Оғози нишасти хабарии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда. Генерал Назарзода аз 178 ҳодиса дар шаш моҳи сипаришуда хабар дод

Нишасти матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз шуд. Генерал-лейтенант Рустам Назарзода-Раиси Кумита иброз дошт, ки зарфи шаш моҳи соли 2020 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 178 ҳадисаи фавқулодаи табиӣ ба қайд гирифта шуд. Аз ҳисоби умумии ҳодисаҳои сабтшуда 17 ҳодиса ба хоҷагии халқ зарари моддӣ расондааст.

Сарвари идораи наҷоти кишвар иброз дошт, ки дар натиҷаи ҳодисаҳои табиӣ 7 нафар аз ҷумлаи сокинои кишвар ба ҳалокат расидаанд. Аз ин: ба асари тарма – 2 нафар, сел – 4 нафар, аз чарғак 1 нафар.

Дар натиҷаи ҳолатҳои фавқулоддаи табиӣ 102 хонаи истиқоматӣ (41 хона пурра), 22 бинои муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва томактабӣ, 18593,97 гектар замнҳои кишт, 6 пул ва 24.73 км роҳи мошингард зарар диданд.  

Генерал Назарзода бо ибрози назар дар мавриди зарарҳои офатҳои табиӣ хабар дод, ки ба хонаводаҳои аз ин офатҳо зарардида дар шакли масолеҳи сохтмонӣ, маводи ғизоӣ, бастаҳои беҳдоштӣ ва хоҷагӣ ёрӣ расонда шуд, ки сари вақт ба офатдидагон расонда шуд.

барчасп: