Дирӯз, 22-уми июни соли 2020 як ҷавони 19-сола, сокини шаҳри Исфара ҳангоми оббозӣ дар дарёи Исфара ғарқ шуд. Тибқи маълумоти Сардори шӯъбаи Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ин ҷавон дар дарёи Исфара, дақиқан дар мавзеъи зиёратгоҳи Мазори Хоҷа Абдуллои Сурхи ҷамоати деҳоти Шаҳрак ҳангоми оббозӣ ғарқ мешавад.
Соати 12:30 дақиқа ҷасади шаҳрванд аз мавзеъи деҳаи Яккачинор, ҷамоати деҳоти Хонаобод аз об берун оварда шуда, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурда шуд.
Сабаби марги ҷавон беэҳтиётӣ ва надонистани қоидаҳои шиноварӣ гуфта шудааст.
Маврид ба ёдоварист, ки дар шаш моҳи соли равон дар қаламрави кишвар 34 нафар дар об ғарқ шудаанд, ки 16 нафари онҳо ҷавонони аз 17 то 35-сола мебошанд.