Аввалин хонаводаи осебдидагони сели ноҳияи Хуросон метавонанд вориди манзили нави худ воқеъ дар маҳалли Чорбоғ шаванд. Хонаи рақами 53, ки молики он Шералӣ Раҷабов мебошад, пурра ба истифода дода шуд. Акнун соҳиби он бо кулли аъзои оила метавонанд вориди манзили нави ободу зебо шаванд ва ба зиндагии осудаи худ идома диҳанд.
Ба назарам мерасад тадриҷан ранҷҳо фаромӯш мешаванд, нигарониҳо аз бехона мондани сокинони офатзада аз ёдҳо мераванд. Манзилҳои нав яке паси дигар ба истифода дода хоҳанд шуд.
Бино ба гузориши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ба ҳолати 21 июли соли 2020 бардоштани девор дар ҳамаи 67 хона ба охир расида, аз ин аллакай 59 манзил бомпӯш шудааст.
Аз 50 хона, ки корҳои андовакунӣ шуруъ шуда буданд, дар 27 хона ин корҳо ба анҷом расидаанд. Дар 36 хона тармими фаршу шифт ҷараён дорад.
Ҳамаи ин 67 хона тибқи нақша бояд бо дару тиреза таъмин шаванд ва то ба имрӯз дар 45 хона дару тирезаҳо пурра насб карда шудаанд.
Бахши матбуотии Ҳукумати вилояти Хатлон дар охирин гузориши худ дар ин маврид навишт, ки барои таъмини аҳолии деҳаи навбунёд бо неруи барқ аз тарафи ҶДММ “Нуралӣ-СКМ”-и шаҳри Душанбе 83 дона симчӯб оварда шуда, то имрӯз ҳамаи онҳо васл карда шудаанд. Инчунин чор хатти баландшиддати барқ ва кашонидани ноқил идома дорад.