Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Душанбе аз кашфи як ҷасади марди ношинос дар соҳили дарёи Душанбе хабар дод. Тибқи иттилои раёсат рӯзи 17-уми июли соли равон, тахминан соати 14:00 дақиқа намояндаи ШВКД-2 дар ноҳияи Фирдавсӣ ба навбатдори фаврии Раёсати Кумита дар шаҳри Душанбе хабар дод, ки ҷасаде дар соҳили дарёи Душанбе, шафати кӯчаи Қаҳҳоров намоён шудааст.
Баъди гирифтани хабар дастаи махсуси зудамали наҷоти шаҳри Душанбе соати 14:21 дақиқа ба ҷои ҳодиса ҳозир шуда, соати 14:43 дақиқа ҷасади шахсияташ номаълуми ба тахмин 40-45 соларо аз соҳили дарёи Душанбе бароварда, ба сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ супориданд.
Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар ВМКБ рӯзи 17-уми июл аз ғарқи оби дарёи Шоҳдара шудани ду сокини ноҳияи Роштқалъа хабар дод. Бино ба гузориши манбаъ ҷасади сокини 22-солаи деҳаи Парзудчӣ аз 800 метр дуртар аз ҷойи ҳодиса пайдо ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурда шуд.
Гуфта мешавад, ки ӯ ва ноболиғи 12-сола, сокини ҳамин деҳа рӯзи 4-уми июл ғарқ шуда буданд. Ҷустуҷӯи ҷасади ноболиғ идома дорад.
Сабаби марги ин ду тан беэҳтиётӣ ҳангоми оббозӣ номида шудааст.