Дар тобистони гарм бахусус соҳили кӯлу дарё, обанбору каналҳо серодам мешаванд. Вале на ҳама ҷо барои истироҳат ва бахусус оббозиву шиноварӣ муносибанд. Маъмулан риоя нашудани одитарин талаботҳо сабабгори ғарқ шудани афрод мегарданд, ки ҳамарӯза дар ин бора хабарҳо дорем. Аз ин рӯ, кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражаднии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозии корҳои таблиғотиро ҷиҳати пешгирӣ аз ҳодисаҳои нохӯш ва коҳиши хатарҳо як вазифаи ҳамарӯзии худ медонанд.
Дар асоси «Нақша чорабиниҳо оид ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ, эътино, пешгирӣ ва рафъӣ ҳолатҳои фавқулодда» барои соли 2020, вобаста ба мавсими обозии соли 2020, Раёсати кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ шаҳри Душанбе ва шуъбаи ноҳияи И.Сомонӣ дар соҳилҳои дарёи Душанбе, канали Дереватсионӣ ва кўли Душанбе пайваста корҳои таблиғотӣ дар мавриди таъмини ҳолатҳои бехатарии шаҳрвандон ҳангоми оббозӣ (шиноварӣ) ва пешгирии ҳолатҳои ғарқшавӣ дар мавсими оббозӣ, гузаронида мешавад.
Дар айни замон зимни мулоқот бо истироҳаткунандагон маҳалли истироҳату тафреҳгоҳҳо пурра аз назар гузаронида мешаванд ва дар ҷойҳое, ки оббозӣ манъ аст, лавҳа гузошта мешавад.
Дирӯз ҳам шуъбаи Раёсати кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании шаҳри Душанбе дар ноҳияи И.Сомонӣ ҳамроҳ бо шўъбаи ВКД-и ноҳия, Раёсати кор бо маҳаллаҳо ва хизматрасонии фонди манзилию комуналии ноҳия дар ҳудуди маҳаллаҳое, ки каналу дарё наздик аст бо сокинон ва истироҳаткунандагон суҳбатҳо роҳандозӣ карданд.
Бо дархости Шуъбаҳои Раёсат дар нашрияи расмии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои шаҳри Душанбе барои шаҳрвандон, падару модарон ва меҳмонон хабару мақолаҳо оид ба таъмини ҳолати бехатарии шаҳрвандон ҳангоми оббозӣ (шиноварӣ), дар мавсими оббозӣ, риояи қоидаҳои бехатарӣ ва беназорат нагузоштани ноболиғон чоп шуд.
Р. Неъматзод, сардори Раёсат, полковник