Ҷасади ҷавони 22-соларо аз қаъри об берун оварданд. Дар 6 моҳ 34 нафар дар обҳои кишвар ғарқ шудаанд

Имдодгарони Раёсати ҷустуҷӯӣ ва наҷоти КҲФ дар ҷараёни роҳандозии корҳои ҷустуҷӯ ва наҷот ҷасади сокини 22-солаи деҳаи Оби шифои ҷамоати Чоргултеппаи ноҳияи Рӯдакиро аз қаъри об берун оварданд.

Ин ҷавон дар ҷойҳои мамнуъ барои оббозӣ шиноварӣ мекард ва аз риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ дар об ғарқ шуд. Вақте ғаввосони Раёсат ин хабарро дарёфт карданд, шитобон ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуданд ва ба ҷустуҷӯ оғоз карданд.

Соате пас ҷасади марҳум пайдо ва ба пайвандонаш супурда шуд. 

Маврид ба ёдоварист, ки зарфи шаш моҳи соли равон 34 нафар дар об ғарқ шудаву ҷони худро аз даст додаанд, ки 16 нафари онҳо ҷавонони 17-35-сола мебошанд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар мешавад: Ҳангоми истироҳат ҳамеша қоидаҳои бехатариро риоя намоед ва ҷони худу ҳамроҳонарон дар хатар нагузоред!

барчасп: