Ҷаласаи Коллегияи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда. Генерал Назарзода хостори таҳкими фаъолиятҳо дар ҳама самтҳои фаъолият шуд

Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хостори таҳкими назорат дар соҳили обҳои кишвар шуд, то кормандони Кумита беш аз ҳар вақти дигар дасти афтодагону ғарқшудагонро гиранд. Вай гуфт: “Ба мо зарур аст хеле фаъолтар бошем, то ки ҳаёти одамон, аз ҷумла кӯдаконро ҳифз ва онҳоро аз ҳодисаҳои нохӯш наҷот диҳем”. Раиси Кумита, ки рӯзи шанбеи гузашта дар ҷаласаи Коллегия суханронӣ мекард, зикр намуд, ки дар оянда низ ҷой ва маконҳои истироҳати танзимнашуда дар соҳилҳо  пайдо карда шаванд, миёни аҳолӣ корҳои таблиғотӣ бурда шавад ва ба онҳо қоидаҳои рафтор дар махзанҳои об омӯзонида шавад. Истифодаи заврақҳои хурд, бахусус он заврақҳое, ки одамонро аз соҳиле ба соҳили дигар интиқол медиҳанд, назорат карда шаванд.  

11 июли соли 2020 дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Раиси Кумита, генерал-лейтенант Рустам Назарзода ҷаласаи коллегия оид ба фаъолиятҳои нимсолаи аввали КҲФ баргузор шуд. Дар он роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказии КҲФ, раёсатҳои вилоятӣ ва шаҳрӣ, ҳамчунин фармондеҳони қисмҳои ҳарбии Кумита ширкат намуданд. 

Дар ҷаласа масъалаҳои омодагиҳои ҳарбӣ, сиёсии қисмҳои ҳрабӣ, фаъолиятҳои ҳамарӯзии нерӯҳо, таъминоти ақибгоҳиву ғизоӣ, истифода, нигаҳдорӣ ва таъмири техника, силоҳҳо, риояи интизоми ҳарбиву хидматӣ, ба вуҷуд овардани шароит барои хизмати ҳарбии аскарон, ҳамчунин масоил дар иртибот ба татбиқи дастурҳои Пешвои миллат ҳангоми мулоқот бо кормандони таъминоти ақибгоҳии Қувваҳои мусаллаҳи кишвар дар мавриди беҳбуди корҳои саҳро ва ҷамъоварии ҳосил, таъмини зихираи озуқа ва сарулибос барои хизматчиёни ҳарбӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. 

Аз рӯи ин масъалаҳо ҳисоботи сардорони Раёсати қушунҳо ва Раёсати таъминоти моддӣ-техникӣ, хӯрокворӣ ва таъминоти нақлиёти КҲФ, ҳамчунин фармондеҳони қисмҳои ҳарбии Кумита шунида шуданд. Роҳбарияти КҲФ дар мавриди бартараф намудани як қатор камбудиву норасоиҳо дар иртибот ба масъалаҳои баррасишуда пешниҳодҳо ироа карданд. Ғайр аз ин ба фармондеҳони қисмҳои ҳарбӣ барои беҳбудиҳо дар фаъолиятҳои ҳамарӯзӣ ва ислоҳи камбудиҳо дар қисмҳои ҳарбӣ супоришҳои мушаххас дода шуданд. 

Дар миёни самтҳои афзалиятноки фаъолияти Кумита ва воҳидҳои сохтории он дар нимсолаи дуввуми соли равон Сарвари КҲФ татбиқи маҷмуъи чорабиниҳоеро матраҳ кард, ки ба коҳиши офатҳои табиӣ ва рӯйдодҳо, ҳалокати одамон, таъмини омодагии қувваҳо ва воситаҳои КҲФ ба вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ ва техногенӣ, ҳамчунин чораҳои муқобилият ба короновирус КОВИД-19, иҷрои Барномаи рушди КҲФ барои солҳои 2018-2022, роҳандозии корҳо дар самти таблиғот миёни аҳолӣ, инчунин таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ равона шудаанд. 

Дар ҷалсаи коллегия ҳамчунин ҳисоботи роҳбари Дастгоҳи Раиси Кумита дар бораи иҷрои саривақтии қарорҳо ва дастурҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати мамлакат, роҳбарияти Кумита, ҳисоботи сардори Сарраёсати Мудофиаи граждании КҲФ дар бораи ҷараёни иҷрои қарори протоколи ҷаласаҳои коллегияҳои КҲФ, татбиқи нақшаи асосии амали Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мудофиаи гражданӣ дар соли 2020 ва Нақша-чорабиниҳои КҲФ оид ба мудофиаи гражданӣ дар соли 2020 шунида шуд.  Ғайр аз ин дар бораи ҳолати омодагии муборизаи пешгирӣ аз густариши вируси КОВИД-19 сардори Раёсати тиббии Кумита суханронӣ кард.  

Зимни суханронии худ генерал-лейтенант Рустам Назарзода суориш дод, ки то охири сол ба корҳои ташкилӣ-тарбиявии фармондеҳони қисмҳои ҳарбӣ шиддат бахшида шуда, нақшаи чорабиниҳо оид ба омодагии иншоотҳои стратегӣ ба ҳолатҳои фавқулодаи эҳтимолӣ таҳия шавад, дар масъалаи омодагӣ ба зимистон ва бартараф намудани камбудиҳои ошкоршуда ва дар бораи таҳкими корҳо дар мавриди ҳодисаҳои нохӯш дар иншоотҳои обӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.  Вай гуфт: “Ба мо зарур аст хеле фаъолтар бошем, то ки ҳаёти одамон, аз ҷумла кӯдаконро ҳифз ва онҳоро аз ҳодисаҳои нохӯш наҷот диҳем”.

Раиси Кумита зикр кард, ки дар оянда низ ҷой ва маконҳои истироҳати танзимнашуда дар соҳилҳо  пайдо карда шаванд, миёни аҳолӣ корҳои таблиғотӣ бурда шавад ва ба онҳо қоидаҳои рафтор дар махзанҳои об омӯзонида шавад. Истифодаи заврақҳои хурд, бахусус он заврақҳое, ки одамонро аз соҳиле ба соҳили дигар интиқол медиҳанд, назорат карда шавад. Дар ин бора ва дар мавриди масъалаҳои дигар ба воҳидҳои дахлдори Кумита супоришҳо дода шуданд. 

Сарвари КҲФ ба таҳкими интизом ва баланд бардоштани масъулияти шахсии ҳар корманди Кумита дар иҷрои уҳдадориҳои вазифавии онҳо даъват кард. 

Дар хотима вазифаҳои аввалдараҷа дар семоҳаҳои сеюм ва чоруми соли 2020 муайян карда шуданд.

барчасп: