Яхбандӣ: Тавсияҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба аҳолии кишвар дар яхбандии рӯзҳои пурбориш риояи қоидаҳои зеринро тавсия медиҳад:
- Пойафзолҳои камлағзиш ва ё нолағжону мутобиқ ба яхбандӣ омода созед. Дар пошнаи он порчаи металӣ часпонед, дар  пошнаи хушки он часп занед ва ё ба он лентаи латтаӣ часпонед. Метавонед пошнаро ба рег молед ва ё бо коғази санбода (наждачная бумага) соиш диҳед;
-  Оҳиста ва бо эҳтиёт роҳ равед, пойро бо тамомии пошна ба замин гузоред. Дар ин ҳолат бояд пойҳо хеле оромона дар ҳоли ҳаракат бошанд ва дастон озод;
- Ба пиронсолон тавсия мешавад, ки бо худ асои нугаш бо резин пӯшонидашуда ва ё асои махсуси нӯгтез дошта бошанд;
- Агар Шумо лағжидед, пас дар ҷоятон биншинед, то баландии афтиш коҳиш ёбад ва зарби сахт нахӯред. Ҳангоми афтидан кӯшиш намоед тавре рафтор кунед, ки зарбаи ба замин расидани ҷисматон суст шавад ва осеби сахт набинед;
- Дар ҳоли яхбандӣ ва гузар аз кӯчаҳо бештар ҳолат ба хатҳои интиқоли барқ диққат диҳед, ба шабакаҳои иртиботии нақлиёти барқӣ таваҷҷуҳ намоед;
- Агар Шумо дар ҷойе хати буридашудаи барқро мушоҳида кардед, ҳатман ба маъмурияти маҳал ин хабарро расонед;
- Ҳангоми садама дидан ва ё зарб хӯрдан хеле зуд ба духтур ва ё муассисаи тибби наздиктарин муроҷиат намоед; 
Ба соҳибони нақлиёти шахсӣ ин гуна тавсияҳо медиҳем: 
- Мошинро оҳиста ронед, танҳо аз роҳҳои асосии ҳаракат убур кунед, аз ҳаракат ба самти ноозмуда худдорӣ варзед.
- Пеш аз ҳаракат мошинатонро хуб муоина кунед. Қоидаҳои ҳаракати роҳро риоя намоед. Хеле ботаваҷҷуҳ бошед ва суръати ҳаракат ва фосилаи байни мошинҳоро риоя намоед.
Ёдовар мешавем, ки тибқи маълумони Агентии обуҳавосанҷии Тоҷикистон ҳавои сард ва бориши барфи шадид то 27-уми ноябр идома хоҳад кард.

КУМИТАИ ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДДА ҲУШДОР МЕДИҲАД:
ҲУШЁР ВА ЭҲТИЁТКОР БОШЕД!