Чанде пеш устодони факултети тиббии Донишгоҳи Чжетзяни Хитой ба хулоса омаданд, ки дар 48 фоизи беморон стресс ва афсурдаҳолӣ мушоҳида мешавад. Суҳбат бо равоншиноси маъруф, номзади илмҳои тиб Саидҷон Нодирӣ дар ҳамин мавзӯъ сурат гирифт.
- Чиро афсурдаҳолӣ мегӯянд ва сабабҳои зуҳури он чист?
- Афсурдаҳолӣ ё депрессия ҳолатест, ки табъ хира шуда, беморро изтиробу ғамзадагӣ, ноумедӣ, нокомӣ ва нигаронӣ фаро мегирад. Дар чунин вазъият рағбат ба фаъолияти муқаррарӣ паст мешавад. Иддае чораи раҳоӣ аз ин ҳолатро наёфта, рӯ ба машрубот, тамоку, маводи мухаддир ва ғайра меоранд, ки вазъи беморро вазнинтар мегардонад.
Бадии кор дар он аст, ки ин гуна ҳолатро беморон хастагии муқаррарӣ ва ё танбалӣ пиндошта, аз пайи муолиҷа намешаванд. Мувофиқи маълумоти оморӣ, 5 фоизи кӯдакон, 15 — 40 фоизи наврасону ҷавонон, 10 фоизи ашхоси 40-сола, 30-40 фоизи шахсони аз 65 – сола боло гирифтори афсурдаҳолӣ мешаванд.
Афсурдаҳолӣ ду навъ аст: экзогенӣ ва эндогенӣ. Афсурдаҳолии экзогенӣ дар натиҷаи таъсири беруна, аз қабили обу ҳавои номусоид, асабоният, шунидани хабарҳои нохуш ва стресс рӯй медиҳад. Ҳолатҳои стресс метавонанд яккарата ва бисёркарата бошанд. Ба стресси яккарата беморӣ ё вафоти шахси наздик мисол шуда метавонад. Зуд- зуд рӯй додани низоъ дар хонаю ҷойи кор, қарздорӣ, бемории тӯлонии шахси наздик ба стресси бисёркарата дохил мешавад.
Депрессияи эндогенӣ дар натиҷаи вайроншавии фаъолияти узвҳои дарунӣ бо таъсири бемориҳои эндокринӣ ва ё сустшавии масуният (иммунитет) рӯй медиҳад. Ҳамчунин иттилооти манфии дар майна ҷойгирифта низ ба сиҳатии инсон таъсири манфӣ мерасонад. Зимни рӯй додани ҳолатҳои зикршуда дар инсон асабонияти шадид, пастшавии майли ҷинсӣ, сустшавии фаъолияти корӣ, канораҷӯӣ аз атрофиён ба назар мерасад.
- Чораҳои рафъи афсурдаҳолӣ кадомҳоянд?
- Ҳама шакли афсурдаҳолӣ ниёз ба муолиҷа доранд. Ҳеҷ гоҳ кӯшиши худмуолиҷа набояд кард. Буқроти Ҳаким (Гиппократ) ба гирифторони «меланхолия» (молихулиё), ки ба нишонаҳои афсурдаҳолӣ шабоҳат дошт, давои махсус аз кӯкнор, ҳуқна (клизма) кардан, оббозӣ дар оби гарм, масҳи табобатӣ, хушҳол будан, нӯшидани об аз чашмаҳои таркибашон аз бром ва литий бойро тавсия медод.
Вақте ки шахси гирифтори афсурдаҳолӣ ба табиби оилавӣ муроҷиат менамояд, ӯ вобаста ба нишонаҳои беморӣ маризро ба қабули равоншинос, асабшинос, дилшинос (кардиолог), ревматолог ё эндокринолог мефиристад. Мутахассис, бо дарназардошти ҳолати бемор, ба ӯ муолиҷаи фардӣ (индивидуалӣ) тавсия медиҳад. Танҳо ӯ метавонад истеъмоли антидепрессантҳоро муайян кунад. Агар ҳолати бемор сабук бошад, тавассути равони дармонӣ, бе истифодаи дору мариз аз вазъи афсурдаҳолӣ берун мебарояд. Худсарона истеъмол кардани доруҳои оромкунанда оқибати хуб надорад.
- Нишонаҳои афсурдаҳолӣ кадомҳоянд?
- Нишонаҳои афсурдаҳолӣ вобаста ба синну сол, ҷинсият, вазъи ҷомеа (замона) аз ҳам фарқ мекунанд. Дар калонсолон як навъ нишонаи сегонаи умумӣ, аз қабили хирашавии табъ, аз даст додани эҳсоси қаноатмандӣ, сустшавии фаъолнокии ҷисмонӣ ба назар мерасад.
Яке аз нишонаҳои асосии афсурдаҳолӣ эҳсоси ғамзадагию беалоқагӣ ба атрофиён аст. Ин ҳолат метавонад 2-3 ҳафта давом кунад. Нишонаи дигар вайроншавии реҷаи хоб аст. Кас хоҳиши хобидан дорад, вале хобаш намебарад. Аломати дигар хеле инҷиқу асабонӣ шудан аз сабабҳои ночиз мебошад. Масалан, пеш садои гиряи кӯдак ё овози баланди телевизор дар назараш як чизи муқаррарӣ бошад, акнун ин садоҳо ӯро асабонӣ месозанд. Гум кардани иштиҳо аломати дигари афсурдаҳолӣ аст. Аз байн рафтани муҳаббат ба атрофиён, бефарқ шудан ба тақдири дигарон низ идомаи ин раванд мебошад. Дар баъзеҳо фикри безорӣ аз ҳаёт ба миён меояд, ки ин хеле хатарнок аст.
- Барои пешгирии чунин ҳолатҳо чӣ маслиҳат медиҳед?
- Пеш аз ҳама, ҳисси тарсу ноумедиро аз дил берун карда, ба ояндаи нек хушбин бояд буд. Дар филми «Абӯалӣ ибни Сино» лаҳзае ҳаст, ки дар он Шайхурраис шогирди вафодораш Абуубайди Ҷузҷониро ба натарсидан аз вабо талқин мекунад. Ҷузҷонӣ ҳам бо табассум «эй вабо, ман аз ту наметарсам», — гӯён дилпурона дар паҳлуи устодаш қадам мезанад.
Як роҳи худро аз мушкилоти рӯзмарра ва хабарҳои пуртаҳлука дур нигоҳ доштан, тамошои филмҳои мазҳакавӣ (комедия) аст. Хушбахтона, чанд ҳафтаи охир дар шабакаҳои телевизионии мамлакат филмҳои мазҳакавӣ, барномаҳои фароғатии «Лаҳзаҳои гуворо», «Шӯхиҳои Аловиддин» ва ғайра зиёд шудаанд.
Хондани китоб низ як роҳи муолиҷа аст. Ман ба ҳамватанонамон мутолиаи асарҳои устод Айнӣ, махсусан, «Ёддоштҳо»- ро маслиҳат медиҳам. Мутолиаи он на танҳо моро аз ҳаёти воқеии мардуми тоҷик дар охирҳои асри XIX ва ибтидои асри XX огоҳ месозад, балки ба расидан ба қадри зиндагонии осоишта водор менамояд. Муҳтавои китоби мазкур дар қироати ровии хушбаён Абдурашид Хӯҷамқулов аз радиои «Фарҳанг» садо медиҳад, вале на ҳама аз вақту соати пахши он огоҳӣ доранд.
Гӯш кардани мусиқии фораму пурмазмун низ як роҳи таъсирбахши пешгирии афсурдаҳолӣ мебошад. Аммо шунидани рэп ва мусиқии ҷаз, баръакс асабониятро бештар намуда, ба рӯҳу равони шунаванда таъсири манфӣ мерасонад. Ба хулоса омадам, ки шунидани таронаҳои «Булбули шӯридаи Шарқ» Аҳмад Зоҳир барин «мусиқии шифоӣ» таъсири мусбат дорад. Зеро дар онҳо мусиқии ҷаззоб, садои хуш ва мазмуни баланд бо ҳам омезиш ёфтаанд.
Бо дӯстону хешони наздик тавассути телефон робитаи доимиатонро пайваста нигоҳ дошта, онҳоро низ тасаллӣ диҳед ва ба ояндаи нек хушбин созед. Ягон мушкилӣ дар дунё абадӣ намемонад. Тавре Хоҷа Ҳофиз фармудааст: «ДОИМАН ЯКСОН НАМОНАД, ҲОЛИ ДАВРОН, ҒАМ МАХӮР!»
Мусоҳиб С. СУННАТӢ, «Садои мардум»