Хайрияи ширкатҳои ҳамкори ӯзбекистониву тоҷикистонӣ ба бемористонҳои аксари навоҳии Тоҷикистон

Дӯсту душманро инсоният дар рӯзи сахтӣ мешиносад. Имрӯз кишвари мо дар чанги вабоест, ки аллакай ба тамоми меъёрҳои зиндагонии одамон тағйирот ворид карда, боз як ҳушдори дигар аз одаму одамгарӣ дод. Ин бадбахтии қаттол дар ҳама олам парда аз рӯйи сиёсатҳо бардошт. Дӯстон дӯсттар гаштанду одамиёни олам бо ҳам тифоқтар мегарданд. Зеро гоҳо бадбахтиҳо одамонро ба ҳам меорад. Хушбахтона, мо пушти ин пардаи сарҳадсоз боз ҳамон чеҳраҳои дӯстони самимии худро, ки аз азал бо мо ойини ҳамсоядорӣ риоя доштанду имрӯзҳо онро боз мустаҳкамтар мекунанд, дидем.

Ӯзбекистон як кишварест, ки ҳанӯз дар замони гирифтории худаш ба вабо, дасти хайрашро боз ба сӯйи ҳамсоягон дароз кард. Кӯмакҳои аввалинро мо аз ин бародарҳамсояҳо дидему дарк кардем, ки такягоҳи мустаҳками бародардорӣ дорем. Шукр, ки ин давлати муқтадир дар як замони кӯтоҳ бар вабо дастболо шуд. Вале чуноне ки мебинем ором нагирифта, имрӯз ғами ҳамсоягонро ҳам, дарди худ медонад. Боиси ифтихор аст, ки дӯстони мо дар баробари давлаташон аз ин ҳамсоякишвар ҳамеша бо мо буданду ҳастанд.

Ширкати ватании ҶДММ "Энерго Комплект Инжиниринг" Директораш Толиббеков Ҷамшед ва Директори тиҷоратиаш Манучеҳр Валиев, ки каме пештар, яъне дар давраҳои осудагӣ аз коронавирус, бо ширкатҳои ӯзбекистонии ҶС "Узэлектроаппарат" Директори генералиаш Роюк Владимир Петрович директори тиҷоратиаш Раҳимов Валиҷон ва КМ ҶДММ "Techno Cable Group" , ки муассисаш Ҳайдархонов Боситхон мебошанд, тоза тарҳҳои ҳамкорӣ оғоз карда буданд. Ин ҷавонмардон аз қабили онҳоеанд, ки ҳамеша аз ҳоли дили мо тоҷикон пурсон мешуданд. Ин ширкатҳо ба таври ройгон дар чароғон ва ороиши барқии баъзе кӯчаҳои мо, ки зебову нозанинанд, ширкат карда, аз корҳои неку муосирашон соле қабл дарак дода буданд. Азбаски дӯстони қадрдон ва шарикони ширкатҳои ватании мо дар ин иқдомҳо баъди баста шудани сарҳадот тавассути интернет ҳамеша дар тамос буданду дар рӯзҳои аввали даҳшати коронавирус камбуди маводи тиббӣ, хоса либоси тиббии духтуронро хабардор буданд. Аз ин рӯ, онҳо тасмим гирифтанд, ки дар ин рӯзҳои сангин дар паҳлӯи бародарони тоҷикашон бошанд. Инак, баъди чанд рӯзи интизорӣ ва ҷобаҷо кардани ҳуҷҷатгузорӣ имрӯз 19 майи соли 2020 мошини маводи хайриявии тиббӣ бо борҳои хеле зарурӣ ба кишвари мо расид.

Ин хайрияи дӯстон ба бемористонҳои дуру наздик аллакай худи ҳамин рӯз интиқол ёфтанд. Барои он ки ҳама кор ҳисобу китоб дорад, тасмим гирифтем, рақамҳоро аз теъдоди ин мавод ва тақсимоти он пешниҳоди мардуми азизамон бисозем. Ҳарчанд ниёзмандии ҳар бемористон ба маводи тиббӣ аз рӯйи пешниҳоди Вазорати тандурустӣ пешбинӣ шуда бошад ҳам, лавозимоти тиббӣ бевосита ба бемористонҳо аз ҷониби ҷавонмардони ташаббускори тоҷик Чамшеду Манучеҳр тавассути дӯстони хондаашон, ки бурда расонидани борҳоро бар дӯш гирифтаанд, ба анҷом расонида мешавад. Тақсимот чунин аст:

Ба ноҳияи Айнии вилояти Суғд: Комбинезон 80 адад ниқобҳои тиббии махсус барои табибон- 80 дона. Айнаки тиббӣ - 80 дона. Респиратор - 160 дона. Дастпӯшаки тиббӣ - 300 адад. Маскаи тиббӣ - 960 дона. Маскаи яккарата- 700 дона.

Ба бемористони ноҳияи Рӯдакӣ: Комбинезонҳои тиббӣ - 100 адад. Айнаки тиббӣ - 100 дона. Респиратор - 200 адад. Дастпӯшакҳо - 500 дона. Маскаи тиббӣ - 1200 адад. Маскаҳои яккарата - 1000 дона.

Ба госпитали Кумитаи давлатии амнияти миллӣ : Комбинезони тиббӣ- 50 адад. Айнаки тиббӣ - 50 дона. Респиратор - 100 дона. Дасрӯшак - 300 дона. Маскаи тиббӣ - 600 дона. Маскаҳои яккарата - 500 адад.

Ба Беморхонаи "Шаҳраки тиббӣ"- шаҳри Душанбе: Комбинезон - 70 дона. Айнаки тиббӣ - 70 адад. Респиратор - 140 дона. Дастпӯшак- 300 адад. Маскаи тиббӣ - 840 адад. Маскаҳои яккарата - 700 дона.

Ба беморхонаи шаҳри Ваҳдат: Комбинезон- 150 адад. Айнаки тиббӣ - 150 дона. Респиратор - 300 адад. Дастрӯшак - 600 дона. Маскаи тиббӣ- 1800 дона. Маскаҳои яккарата - 1500 дона.

Ҳамин тариқ: Комбинезон- 2000 дона. Айнаки тиббӣ- 2000 дона. Респиратор - 5000 дона. Дастрӯшакҳо - 15 000 адад. Ниқобҳои тиббӣ- 25 000 адад. Маскаҳои яккарата -.40 000 адад аллакай равон карда шуд. Ин миқдор маводи тиббӣ мустақиман ба касалхонаҳо дастрас мегардад.

Дар маҷмӯъ ин лавозимоти тиббӣ ба навоҳии: Рӯдакӣ, Айнӣ, Исфара, Ваҳдат, Файзобод, Роғун, Рашт, Данғара, Фархор, Ҳамадонӣ, Восеъ, шаҳри Кӯлоб, Мӯъминобод, Ховалинг, ВМКБ, Панҷ, , Ҷиликул, Қумсангир ҳамчунин беморхонаҳои шаҳри Душанбе аз қабили Шаҳраки тиббӣ, зоишгоҳҳои рақами 1, 2, 3 низ аз ин маводҳо бархӯрдор хоҳанд шуд. Тасмим гирифта шуд, ки 20 000 адад ниқобҳои яккарата ба таври ройгон дар кӯчаву бозорҳои шаҳри Душанбе тақсим карда шаванд.

 Ба худ иҷоза медиҳам, ки аз номи табибон ва дигар намояндагони мардуми ин шаҳру навоҳии зикршуда ба Директори генералии АО "Узэлектроаппарат" Роюк Владимир Петрович, директори тиҷоратии АО "Узэлектроаппарат" Раҳимов Валиҷон ва муассиси СП ООО "Techno Cable Group" Боситхон Ҳайдархонов изҳори сипоси самимона ирсол намоям . Хайратон қабул ва риштаҳои дӯстии ин халқҳо мустаҳкаму ҷовидонӣ бигардад. Мо ин некии шуморо фаромӯш нахоҳем кард.

 

PS. Ба навоҳии дурдаст шояд баъди ягон рӯз мерасад. Хавотир нашавед, хайрия таҳти назорати ҷиддист, то танҳо ба дасти табибон бевосита бирасад.

 

Ҳуриннисо Ализода, 
журналист. 
Бозчоп аз саҳифаи муаллиф дар Фейсбук.