Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки то 17 майи соли равон дар мамлакат 4196 нафар зери назорати табибон қарор дошта, дар як шабонарӯзи охир 493 нафар пас аз шифо ёфтан ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.
Ҳамзамон, то соати 17:30 дақиқаи рӯзи 17 май дар мамлакат 1524 ҳолати сирояти коронавируси нави КОВИД-19 ошкор гардида, аз ин беморӣ 39 нафар фавтидаанд.
Дар идо маи хабари вазорат омадааст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ айни замон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ намуда истодаанд.
Дар ин лаҳзаҳои ҳассос аз тамоми сокинони кишвар даъват ба амал оварда мешавад, ки ҷиҳати пешгирии сирояти мазкур пеш аз ҳама, қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя намоянд, зеро, дар урфият беҳуда нагуфтаанд, ки табиби ҳар шахс худи ӯст.