Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи нақшаи корҳои ҳамарӯзӣ саҳми худро дар роҳандозии корҳои пешгирӣ аз густариши короновирус мегузоранд. Ҳамарӯза бо истифода аз таҷҳизоти махсуси дорупошӣ дар саросари кишвар корҳои поксозӣ роҳандозӣ мешавад ва ба ин мақсад гурӯҳҳои фаврӣ иборат аз духтурон, кимиёшиносон, наҷотдиҳандагон садҳо литр маҳлулҳои кимиёвиро барои поксозии иншоотҳо ва кӯчаву хиёбонҳо сарф мекунанд.
Кӯчаҳои Хуҷанд поккорӣ мешаванд
Чунончӣ, рӯзи 15-уми майи соли равон кормандони Раёсати КҲФ дар вилояти Суғд ва бахши Хуҷанди ин раёсат бо истифода аз дорупошакҳои муҳаррикдор ва маҳлули гипохлориди натрий корҳои безараргардонӣ гузарониданд
Бино ба гузориши ҳамкорамон Шоҳзода Бутаева дирӯз дар қасабаҳои 18-уми шаҳри Хуҷанд 3 адад бинои панҷошёнаи дорои 24 даромадгоҳ; дар кӯчаи Гагарин 17 адад хонаи истиқоматӣ, дар кӯчаи Ҷӯра Зокир ва Самарқанд даромадгоҳи 200 хонаи истиқоматӣ, ҳамчунин бинои идораи телевизион ва радиои вилояти Суғд поккорӣ шуданд.
Истифодаи 5 ҳазор литр маҳлули гипохлориди натрий дар Душанбе
Дирӯз дар шаҳри Душанбе низ як сислсила корҳои поккорӣ гузаронида шуд. Аз ҷумла кормандони Раёсати КҲФ дар пойтахт бо мақсади татбиқи амалии Нақшаи чорабиниҳо дар мавриди пешгирӣ аз густариши короновирус корҳои поксозиро идома доданд.
Гурӯҳи зудамал иборат аз 13 нафар, ки аз наҷотдиҳандагон, кимиёдонҳо ва мутахассисони тибб иборат мебошад, бо ёрии ду мошини махсус, 10 таҷҳизоти дорупошии дастӣ ва пошандаи моторӣ дар қаламрави ноҳияи Шоҳмансур корҳои поксозиро роҳандозӣ карданд.
Ин дастаи зудамал дирӯз муваффақ шуд ба кӯчаҳои Айнӣ, Аҳмади Дониш, Дилшоди Барно ва С.Шарипов, ки дар қаламрави ҳамин ноҳия ҷойгиранд, дору пошанд ва дар кори пешгирӣ аз сирояти доманадори короновирус саҳм гузоранд. Барои ин корҳо бештар аз 5000 литр маҳлули гипохлориди натрий масраф гардид.