Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон то 14- майи соли равон дар мамлакат 907 нафар ҳолати сирояти коронавируси нави КОВИД-19 ба қайд гирифта шуда, 29 нафар аз ин беморӣ фавтидаанд. Вазорат дар идомаи хабараш менависад, ки то 14 майи соли равон дар муассисаҳои табобатии кишвар 4299 нафар зери назорати табибон қарор дошта, дар шабонарӯзи охир 403 нафар пас аз шифо ёфтан аз беморхонаҳо ҷавоб дода шуданд.
Вазорати тандурустӣ ҳамчунин иттило додад, ки дар 24 соати сипаришуда 106 бемори нав ба қайд гирифта шуда, 6 нафар мубталоён ҷони худро аз даст доданд.
Бино ба маълумоти субҳи рӯзи 14-уми май дар саросари олам 4 429 810 ҳодисаи сироят ба вируси КОВИД-19 ба қайд гирифта шудааст. 298 ҳазору 174 нафар фавтидаанд, 1 миллиону 659 ҳазору 791 нафар шифо ёфтаанд,-омадааст дар маълумотномаи сомонаи Worldometer.
Ҳамоно ИМА дар сироят ба короновирус дар ҷойи аввал (1 430 348 нафар) мебошад. Ба дунболи он Испания (271 095 нафар), Русия (242 095 нафар), Британияи Кабир (229 705 нафар) ва Италия (222 104 нафар). Баъди панҷгона Бразилия (190 137 нафар), Фаронса (178 060 нафар), Олмон (174 098 нафар), Туркия (143 114 нафар), Эрон (112 725 нафар) ва Чин (82 929 нафар) қарор мегиранд.
Дар Русия шумори гирифторон ба короновирус то 13-уми май 242 ҳазору 271 нафар эълон шуд ва 2 ҳазору 212 нафар фавтиданд, 48 ҳазору 003 нафар шифо ёфтаанд.