Шуъбаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикитсон дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон тибқи нақшаи чорабиниҳо оид ба пешгирии касалиҳои сироятии короновирус (COVID-2019) рӯзҳои 5-6 уми майи соли равон як ришта корҳои таблиғотиро миёни аҳолӣ ба роҳ монд. Дар он бо риояи ҳама қоидаҳо, бо риояи масофа бо мардум дар мавриди паҳн шудани вирус ва чораҳои эҳтиёт аз он нақл карда шуд.
Ҳамзамон аз тарафи хизматчиёни ҳарбии шуъба дар беморхонаи вилоятии шаҳри Кулоб, Прокуратураи ҳарбии гарнизони Кулоб, Прокуратураи минтақавӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо корупсия дар минтақаи Кӯлоб, Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб, Идораи телевизиони шаҳри Кӯлоб, Кумитаи ҷавонон ва варзиш дар шаҳри Кӯлоб, Қароргоҳи раиси вилояти Хатлон дар шаҳри Кӯлоб ва мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб гирду атроф, ҳуҷраҳои корӣ, ошхонаҳо, анборхонаҳо, партовгоҳо ва ҳоҷатхонаҳои ташкилоту идораҳои номбурда бо маҳлулҳои хлордор безарар карда шудаанд.
М. Муйдинов