Чаҳордаҳ кушта ва 35 захмии суқути ҳавопаймо дар Қазоқистон (Видео)

Дар суқути ҳавопаймои ширкати ҳавопаймоии  Bek Air дар Қазоқистон 14 нафар ба ҳалокат расиданд ва 35 тани дигар захмӣ шуданд. Хабаргузориҳо ахиран аз қавли табибони бемористонҳо ҳисобҳои дақиқтари мурдагон ва захмишудагонро интишор доданд.

Дар хабар омадааст, ки ин ҳавопаймо субҳи ҳамин рӯз, ҷумъа, 27-уми декабр дар аввалин дақиқаҳои парвоз аз фурудгоҳи байналмилалии Олмаато дучори садама шуд. Дар аввалин хабарҳо аз марги 9 нафар гузориш дода мешуд. Гуфта мешавад, ки имдодгарон фавран ба ҷойи ҳодиса шитофтанд.

Роҳбарияти фурудгоҳи Олмаато гуфтааст, ки ин ҳавопаймо бо 95 мусофир ва 5 халабон ва хадамаи дигар дар ҳоли парвоз буд. Бино ба гузориши Кумитаи ҳавонавардии Қазоқистон ҳавопаймои ёдшуда пас аз аз боло шудан аз фазои фурудгоҳ соати 7:22 субҳ ба вақти маҳаллӣ баъди убур аз як ҳисори бетонӣ ба як сохтмони дутабақаӣ бархӯрд.

Қосим Тоқаев - Президенти Қазоқистон дар Твиттери худ навишт, ки ҳар касе сабабгори ин садамаи маргбор шудааст, ба шиддат муҷозот хоҳад шуд.

Ҳавопаймои суқуткардаи Fokker 100 истеҳсоли Нидерландия будааст. Ҳукумати Қазоқистон эълон кард, ки парвози ин гуна тайёраҳо дар кишвар боздошта шудааст. Тибқи хабари дигар бо фармони ҳукумат фаъолияти ширкати ҳавопаймоии Bek Air низ боздошта шуд.

Fokker 100 ғунҷоиши 107 мусофир дорад ва бар асоси ҳавопаймои Fokker F28 сохта шудааст. Аввали парвози  Fokker 100 30 ноябри соли 1986 сурат гирифтааст. Ҳавопаймое, ки ҳоло дар Қазоқистон сарнагун шуд, соли 1996 истеҳсол шуда, 23,5 сол аст, ки дар парвоз мебошад. 

:

барчасп: