Пулиси Индонезия аз ҳалокати биступанҷ нафар бар асари садамаи як автобус хабар дод. Ин манбаъ гуфтааст, ки автобуси мусофирбарӣ ба дарае, ки умқаш 50 метр буд, чаппагардон шуд ва дар он ҳаддиақал 25 нафар кушта шуданд. 14 нафари дигар бо ҷароҳатҳои сангин бистарӣ шудаанд.
Садама дар вилояти Суматраи Ҷанубӣ рух додааст. Пулис гуфтааст, ки ин автобус бо бештар аз 50 сарнишин аз шаҳри Бенкулу ба маркази вилояти Палембанг дар ҳоли ҳаракат буд. Associated Press истинодан ба манбаъҳои худ гуфтааст, ки умқи дарае, ки автобус дар он фурӯ рафт, 80 метр буд. Пулис гуфтааст, ки эҳтимол тормози мошин аз кор баромадаву ронанда дигар натавонистааст онро идора кунад.
Дар хабарҳо омадааст, ки ин автобус барои 52 нафар ҷойи нишаст дорад, вале ҳамнгоми ҳаракат дар он чанд нафар савор буданд, ҳоло мушаххас нест. Ҳам ронанда ва ҳам ду корманди дигари ширкати ҳамлу нақлӣ ба ҳалокат расидаанд.
Дар айни замон наҷотдиҳандагон одамони боқимондаро ҷустуҷӯ мекунанд. Як мақоми наздик ба шаҳрдорӣ гуфтааст, ки чун маълум нест автобус бо чанд мусофир ҳаракат мекард, зарур меояд ҷустуҷӯи одамон бо муддате идома кунад.
Ҳамзамон бо ин хабаргузориҳо иттило додаанд, ки рӯзи 24-уми декабр дар пули Увинс Крики иёлоти амрикоии Вирҷония 69 мошин ба ҳам бархӯрда, 51 нафар ҷароҳат бардоштаанд. Сабаби ин садамаҳо туман ва шиддати барф гузориш шудааст. Ҳамаи захмишудагон ба бемористонҳо интиқол дода шудаанд.