23 декабри соли 2019 дар Маркази ҷумҳуриявии омӯзишӣ-методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ҷамъбасти фаъолияти солонаи фаъолияти вазорату идораҳои кишвар дар самти ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ баргузор шуд.
Дар ҷаласа кормандони масъули вазорату идораҳои кишвар ширкат карданд ва ҳисоботу таҳлили фаъолияти онҳо дар татбиқи Қонунҳо, Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Нақшаи амал дар мудофиаи гражданӣ, вокуниш, пешгирӣ ва бартарафсозии оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода дар соли 2019 шунида шуданд.
Ҳамчунин, дар ин ҷаласа фаъолияти вазорату идораҳои шомили Системаи ягонаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирӣ ва бартарафсозии оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода ва Хадамоти мудофиаи гражданӣ дар соли 2019 ҷамъбаст гардид.