Ду нафар бо боздоштан трамвайе, ки ронандааш аз ҳуш рафта буд, ҷони даҳо танро наҷот доданд

Ронандаи як трамвай дар шаҳри Бонни Олмон ҳангоми ҳаракати босуръати трамвай аз ҳуш бирафт ва мусофирон бо вуҷуди мушкилот муваффақ шуданд, ки онро боздоранд.  Ин ҳодиса рӯзи якшанбеи гузашта рӯй додааст. Трамвай бидуни ист аз истгоҳҳои шаҳр мегузашт ва ин мусофиронро нигарон мекард. Ин ҳам дар ҳоле, ки суръати он хеле боло буд.

Ду мард аз ҷумлаи мусофирон панҷараро шикастанд ва худро ба кобини ронанда расонданд. Яке аз онҳо бо маркази ҳамлу нақл бо мухобира иртибот гирифт ва дастури чӣ тавр боздоштани мошинро ба даст овард.

 Ин ду мард баъди фурсате талошҳо тавонистанд ба оҳистагӣ трамвайро боздоранд ва ҷони мусофиронро аз хатар наҷот диҳанд.

ВВС суханони Ашок – Александ Шридҳаран – шаҳдори Боннро иқтибос овардааст, ки гуфтааст: “онҳо дар як шароити хатарнок дақиқан кореро карданд, ки бояд мекарданд ва бо ин кор ҷони мардумро наҷот доданд”.  

Коршиносон мегӯянд ҳоло ба назар мерасад системҳое, ки дар сурати аз ҳуш рафтани ронанда барои ирсоли сигналҳои муҳим ва ҳушдор ба марказ тарроҳишуда дар ин маврид кор накард ва маркази ҳамлу нақл аз ҳодиса бехабар монд.

Гуфта мешавад, ки ронанда ҳоло дар бемористон бистарӣ шудааст, ба худ меояд ва ҳолаш беҳ мешавад ва ду марде, ки трамвайро нигоҳ доштанд, захмҳои сабук бардоштанд.

барчасп: