Роҳбари Дастгоҳи Раис полковник Ташрифӣ Алишер Хоҷа

Дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 ноябри соли 2017, №547 “Дар бораи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон” Раёсати корҳо ва нашрия"-и Кумита ба Дастгоҳи Раиси Кумита табдил дода шуд.

Дастгоҳи Раиси Кумита сохтори таркибии Дастгоҳи марказии Кумита ба ҳисоб рафта, дар доираи фаъолияти худ назорат ва иҷрои талаботи қонунҳо, фармону амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармоишу дастурҳои Раиси Кумита, пешбурди дурусти коргузорӣ аз тарафи тамоми сохторҳои таркибии Кумита амалӣ намуда, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси Миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ҳуҷҷатҳое, ки аз корхонаю муассисаҳо ба Кумита ворид мегарданд, ба Раиси Кумита пешниҳод намуда, амалисозии онҳоро назорат мебарад.

Фаъолияти тамоми сохторҳои таркибии Кумитаро дар самти ҳуҷҷатгузорӣ, гузоришу мактубҳо, дигар ҳуҷҷатҳои расмӣ ва ирсол намудани онҳоро ба мақомотҳою идораҳои дахлдор назорат мебарад.

Дастгоҳи Раиси Кумита роҳбариро аз рӯи фаъолияти худ дар асоси санадҳои меъёрии амалкунандае, ки Кумита ба роҳбарӣ гирифтааст, аз ҷумла низомномаи Кумита ва низомномаи Дастгоҳи Раиси Кумита, инчунин Оинномаҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мондааст.

Ба ҳайати Дастгоҳи Раис шуъбаву бахшҳои зерин дохил мешаванд:

  • - Шуъбаи супоришҳои махсус ва бехатрии дохилӣ;
  • - Шуъбаи ташкил ва назорати коргузорӣ;
  • - Бахши фармонҳо ва муроҷиати шаҳрвандон;
  • - Бахши қабулгоҳи Раис ва муовинони он;
  • - Бахши реҷаи махфӣ;
  • - Бахши нашрия;
  • - Бойгонӣ.