Наваскарон боз дар ду қисми ҳарбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда савганди садоқат ёд карданд

13 декабри соли дар ду қисми ҳарбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ дар вилоятҳои Суғд ва Хатлон маросими тантанавии савгандёдкунии наваскарон доир шуд.  Сарбозони ҷавон аввали моҳи ноябр ба хизмати ҳарбӣ даъват шуда буданд. Меҳмонони фахрии ин чорабиниҳои муҳими идона роҳбарони шаҳри Гулистони вилояти Суғд ва ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон, хонандагони синфҳои болоии мактабҳо, волидон ва дӯстону пайвандони сарбозони ҷавон буданд. 

Дар маросими савгандёдкунии қисми ҳарбии КҲФ дар қаламрави шаҳри Гулистони вилояти Суғд Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенант Рустам Назарзода иштирок намуд.   

Дар аввалин моҳи даъват сарбозони ҷавон бахши муқаддамотии омӯзишҳоро пушти сар гузоштанд: низомнома ва уҳдадориҳои хизматчиёни ҳарбӣ, тавсифномаи силоҳҳо, асосҳо ва қоидаҳои тирпаррониро омӯхтанд, бо таърих ва анъанаҳои қисми ҳарбӣ ошно шуданд. 

Баъди фармони омода кардани ҳайати шахсӣ ба савганд дар вазъияти ботантана наваскарон ба номи Ватан савганди садоқат ёд карданд. 

Сарвари Кумита ба сарбозон муроҷиат кард ва гуфт: “Бояд ҳамеша донист, ки дар муддати бештар аз ду даҳсола артиши миллии мо ба мактаби тарбияи ватандӯстӣ, шуҷоату мардонагӣ табдил ёфт. Имрӯз дар сафҳои худ даҳҳо ҳазор ҷавонони обутобёфтаро тарбия кардааст. Имрӯз шумо ба тими дӯсту тифоқи КҲФ Тоҷикистон пайвастед, инҳо одамони ҷасур, донову зираканд, ки хизмати худро басо бошарафона адо мекунанд”.

Дар доираи ин рӯзи хотирмон воҳиди садамавиву наҷоти Раёсати КҲФ дар вилояти Суғд дар назди наваскарон ва меҳмонон амалҳоеро аз ҷумлаи роҳандозии корҳои наҷот, ташкили беморхонаи саҳроӣ ва истифодаи техникаи махсус иҷро кардад.

Дар ҷараёни чорабинӣ Сарвари КҲФ бо шароити маишату истироҳат ва хизмати сарбозон ошно шуд.   

Ҳамчунин дар ин рӯз дар қисми ҳарбии КҲФ воқеъ дар ноҳияи Ҳамадонии  вилояти Хатлон маросими тантанавии сангадёдкунии наваскарон баргузор шуд, ки дар он ҷонишини Раиси Кумита полковник М.Салимзода, роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллӣ, намояндагони Комиссариати ҳарбӣ, волидону пайвандони сарбозони ҷавон ширкат карданд.    

Чун анъана баъди анҷоми маросими санганд наваскарон ба қимсҳо ҷудо мешаванд ва ба омӯзишҳои ҷиддии кори ҳарбӣ шуруъ мекунанд.

барчасп: