Таҳвили техникаи нав барои КҲФ

Бо мақсади татбиқи минбаъдаи Ёддошти тафоҳум “Дар бораи ҳамкориҳо дар самти омодагиҳо, бартарафсозӣ ва коҳиши хатари офатҳо, ҳамчунин мутобиқшавӣ ба тағйири иқлим”, ки ҳануз моҳи майи соли 2017 миёни Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи Озуҷавории Умумиҷаҳонии СММ имзо шуда буд, имрӯз дар КҲФ маросими таҳвили техникаи навбатӣ доир гардид.

Дар ин маросим Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда Рустам Назарзода ва сарвари Барномаи умумиҷаҳонии озуқавории СММ дар Тоҷикистон ҷаноби Корреа Мендес, ҳамчунин роҳбарон ва намояндагони созмонҳои байналмилалии муқими кишвар ширкат намуданд.   

Сарвари КҲФ барои ин дастгириҳо изҳори сипос кард ва қайд кард, ки таҷҳизоти таҳвилшуда ба беҳтару такмил додани пойгоҳи техникии а Кумита ва пешбинии ҳолатҳои фавқулода ва пешгирии онҳо беҳтар созад.

Сарвари Барномаи умумиҷаҳонии озуқаи СММ дар Тоҷикистон  ҷаноби Мендес зикр намуд: “Барномаи умумиҷаҳонии озуқаи СММ ба таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба бо Кумита бо ҳадафи коҳиши хатарҳо ва идораи фалокатҳои эҳтимолӣ ва расонидани кумакҳо барои шаҳрвандони осебпазир дар Тоҷикистон  идома хоҳад дод”.

Техникаи таҳвилшуда дар шакли ашёи идорӣ ва компютерӣ, ҳамчунин дигар таҷҳизоти зарурӣ барои таҳкими техникии Маркази иттилоотӣ-таҳлилии КҲФ буда, бешубҳо зарфиятҳои марказро дар самти системаи иттилооти ҷуғрофӣ, харитасозӣ ва таҳлили санҷишҳои аз масофаи дурдаст баланд мебардорад. 

барчасп: