Шикасти пурраи платформаи сиёсиву идеологии ҲНИ чун натиҷаи шӯҳратпарастии фавқулодаи роҳбари он

Тавре мусаллам аст, 9 сентябри соли 2018 дар Варшава як қисми муайяни мухолифини ифротгарои тоҷик дар хориҷи кишвар эъломияро дар бораи ташкили иттиҳоди муштарак – Паймони миллии Тоҷикистон (ПМТ) имзо карданд. Муҳиддин Кабирӣ, раиси ташкилоти террористию экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ (ТТЭ ҲНИ), ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мамнуъ аст, роҳбари ин паймон интихоб карда шуд.

Машваратҳо оид ба таъсиси ПМТ моҳи сентябри соли 2015 оғоз ёфта буданд. Вале, аз сабаби шӯҳратпарастии роҳбар ва аҳамияти баланди зоҳирии он ба назари ҷонибдорони он (бо сабаби манъ кардани ҳизб), аъзои паймон танҳо моҳи сентябри соли 2018 ба мувофиқа расиданд. Ба раванди муттаҳидшавӣ дар асоси уҳдадориҳои шартномавӣ ба хотири ноил шудан ба ҳадафи умумӣ он далел мусоидат кард, ки Тоҷикистон аллакай омодагиро ба интихоботи президентӣ, ки бояд моҳи ноябри соли 2020 баргузор шавад, оғоз кард.

Ба истиснои ҲНИ, ҳеҷ яке аз се муассисони ПМТ дорои қудрати воқеии сиёсӣ, заминаи иҷтимоӣ ва ё обрӯ дар байни аҳолӣ намебошанд. Мусаллам аст, ки иттифоқчиён ба ҳеҷ ваҷҳ ба сиёсати анъанавии ифротгароёнаи ҲНИ таъсир расонида ва идеалу ҳадафҳои сиёсиву идеологии онро тағйир дода наметавонанд. Бо ин далелҳо, аъзои паймон ба ҳамаи он оқибатҳои фалокатбор, ки метавонанд аз фаъолиятҳои ғайриқонунӣ ва стратегияи хушунатомези ҲНИ таҳти роҳбарии М. Кабирӣ ба амал оянд, масъул мебошанд.

Вазифаҳои асосии Паймони миллӣ инҳоянд: «Муҳофизати сохти демократии ҳуқуқӣ ва дунявӣ дар Тоҷикистон, фароҳам овардан ва нигоҳ доштани шароит барои ба ҳар кас баргардонидани озодии сухан, ақида, виҷдон, иттиҳодияҳо». «Тоҷикистон бояд озод, мутараққӣ ва мустақил бошад, ки дар он озодиҳои инсон бояд афзалият дошта бошанд». Тааҷҷубовар аст, аммо, маҳз ин ҳадафҳо дар Конститутсияи давлат ҳамчун идеалҳои асосии ҷомеа инъикос ёфтаанд: «Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад. Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад».
Аз ин рӯ, вазифаҳои  изҳордоштаи Паймони миллӣ чун парда барои ҳадафҳои воқеӣ ва асосии минбаъда менамоянд.

Равшан Темуриён, яке аз намояндагони роҳбарияти ПМТ, чанде пеш изҳор дошт, ки секуляризм ва демократия шарти асосии мавҷудияти ПМТ мебошад. Вай зикр кард, ки аҳолии Тоҷикистон пас аз 70 соли мавҷудияти Иттиҳоди Шӯравӣ ба кору зиндагӣ дар шароити дунявӣ ва секулярӣ одат карда буд.

Афкори ҷамъиятӣ нишон медиҳад, ки аксарияти ҷомеаи Тоҷикистон ҷонибдори сохти секулярӣ ва демократӣ ҳастанд.

Аммо ин мавқеи яке аз роҳбарони Паймони миллӣ ба ҳадафҳо ва вазифаҳои ибтидоии ҲНИ комилан мухолиф аст. Коршиносон зикр мекунанд, «тасаввур кардан ғайриимкон аст, ки ҷонибдорони ҲНИ ба ин мақсадҳо розӣ бошанд».

Равшан Темуриён мушкилоти асосии дохилии ПМТ-ро дар он мебинад, ки то ҳол баҳсҳо дар бораи хусусияти дунявӣ ва демократии давлатдории оянда паст намешаванд. Вай бар он аст, ки баъзе ҷонибдорони ҲНИ пофишорӣ доранд, ки муборизаи сиёсӣ алайҳи режими ҳозира ба таври зарурӣ нест. Ҳамин тариқ, доир ба масъалаи идеологӣ иштирокчиёни Паймони миллӣ нуқтаи назари якранг надоранд.

ПМТ роҳандозии маъракаи фаъоли иттилоотӣ оид ба бадном кардани фаъолияти мақомоти Тоҷикистонро, яъне муваффақияти худро дар идора кардани шуури ҷамъиятӣ дастоварди асосии худ меҳисобад.

Ошкоро будани М. Кабирӣ равшан нишон медиҳад, ки таваҷҷуҳ ба сарнагунии сохти конститутсионӣ дар ҷумҳурӣ қувваи асосии ҳаракатдиҳандаи ПМТ аст.

Бесабаб нест, ки роҳбари ҲНИ М. Кабирӣ чанд сол қабл ҳангоми изҳори ҳусни таваҷҷуҳ ба ҳаракати «Толибон» тасдиқ намуд, ки толибон роҳбарияти кишварҳои Осиёи Марказиро ба сӯи демократияи бештар таҳрик медиҳад. «Толибон» дар бораи демократия ҳарф намезананд, он дар бораи қонуни шариат суҳбат мекунад».

Муассисони ПМТ ҳамон хатогиҳоеро, ки Ҳизби демократии Тоҷикистон (ҲДТ), ҷунбишҳои «Растохез» ва «Лаъли Бадахшон» дар аввали солҳои 90-ум карда буданд, такрор мекунанд. Он вақт ин ҳаракатҳо ба ҲНИ бовар карда, бо он ба як иттиҳодияи ягона муттаҳид шуданд ва ба ин минвол мустақилияти сиёсиву идеологии худро аз даст доданд. Намояндагони рӯҳониён ҳангоми ҳодисаҳои моҳи феврали соли 1990 ва баъдан ҲНИ ба дигар қувваҳои сиёсии мухолиф ҳамроҳ шуданд. Ҳизб бо истифода аз эҳсоси самимӣ ва эътиқодоти муқаддаси мардум ба дин, дар як муддати кӯтоҳ бо истифода аз заминаи тавонои иҷтимоии худ иттифоқчиёни сиёсии худро аз байн бурда, афкор ва андешаҳои сиёсии миллӣ-ватандӯстӣ ва демократии ҷомеаро нодида гирифта, маҳв кард. Барои муборизаи қудрат дар нимаи соли 1992 онҳо ташаббускори оғози ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвар гардиданд.

Р. Темуриён фарқи асосии байни ПМТ ва Иттиҳоди мухолифини тоҷикро (ИМТ) дар он мебинад, ки дар қувваҳои сиёсие, ки ПМТ-ро ташкил медиҳанд, ташкилотҳои мусаллаҳ мавҷуд нест, дар ҳоле ки ҳамаи қисмҳои ИМТ гурӯҳҳои мусаллаҳи худро доштанд. Р. Тимуриён таъкид ва тасдиқ мекунад, ки масалан, ҷонибдорони ҲДТ таҳти роҳбарии Маҳмадрӯзӣ Искандаров нисбат ба дигарон бештар мусаллаҳ буданд. Ҳар як ҷангии ҲДТ бо силоҳи 75-килоии амрикоӣ муҷаҳҳаз буд. Мусаллам аст, ки дар шароити имрӯза, бо доштани хоҷагони қавии ғарбӣ, Кабирӣ барои мусаллаҳ намудани ҲНИ ва ПМТ талош намекунад. ҲНИ метавонад аз ҷониби Афғонистон дар фурсати кӯтоҳ мусаллаҳ шавад.

Дар асоси «Созишнома дар бораи истиқрори сулҳ ва ризоият дар Тоҷикистон» ба намояндагони ИМТ 30% квотаҳои мансабҳои давлатӣ дар тамоми сатҳҳои ҳукумат ҷудо карда шуд. Аммо, роҳбарони ҲНИ қисми зиёди ин мансабҳоро дар байни ҷонибдорони ҳизби худ тақсим карда, ҲДТ, ҷунбишҳои «Растохез» ва «Лаъли Бадахшон»-ро, ки узви комилҳуқуқи ИМТ буданд, маҳрум сохтанд.

Аз 18 январи соли 2019 сар карда, Кабирӣ ҳамчун раиси ПМТ мунтазам дар саҳифаи Фейсбук баромад намуда, ба саволҳои хонандагон ва тамошобинон посух медиҳад, ки аксарияти онҳо бо мақсад ва идеологияи ҲНИ мувофиқ нестанд, аз фаъолият ва мавқеи шахсии Кабирӣ норозиянд.

Кабирӣ дар баромадҳои мунтазами худ вақти бисёрро ба таблиғи ҲНИ ва худаш мебахшад. Вай зимни суҳбат дар бораи ҳадафҳо ва барномаҳои гузоштаи ПМТ гуфта гузашта, бисёр вақт онҳоро нодида гирифта, хатти дифои манфиатҳои худро пеш мегирад. Се неруи сиёсии дигар ҳамчун унсурҳои хурди ҳамроҳикунанда барои ӯ пардаи рамзӣ барои «қонунигардонии» фаъолиятҳои ғайриқонунии ҲНИ мебошанд. Вай иддао дорад, ки ҳамаи тарафдоронаш чӣ гуна амал карданро дар айни замон медонанд ва дар соати "X" ҳамаашон дастурҳои иловагӣ мегиранд.

Аз ин изҳороти Кабирӣ бармеояд, ки ҷонибдорони ҲНИ дар дохили мамлакат ҳамчун як ҷомеаи махфӣ рафтор мекунанд ва тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ аз хориҷ идора карда мешаванд.

Бояд зикр намуд, ки роҳбари ҲНИ М. Кабирӣ худ иқрор мешавад, ки аввали солҳои 90-ум дар Астрахан яке аз ҷавонтарин вакилони анҷумани таъсиси Ҳизби наҳзати исломии ИҶШС буд. Он гоҳ ӯ аллакай дарк намуд, ки дин ва қудрати сиёсӣ василаҳо ва усулҳои аз ҳама пуриқтидори пулдор кардани шахсият ва таъсиргузор дар ҷомеа мебошанд. Аз ин рӯ, (ҳамчун яке аз муассисони ҲНИ дар Тоҷикистон), Кабирӣ дар баробари дигар роҳбарон ва пешвоёни ин ҳизб барои оқибатҳои фоҷиабори фаъолияти ин ҳизб, шурӯъ аз ҳодисаҳои феврали соли 1990 дар шаҳри Душанбе, ташаббуси оғози ҷанги шаҳрвандӣ дар миёнаи соли 1992 ва то кӯшиши табаддулоти ҳарбӣ дар моҳи сентябри соли 2015 масъул мебошад.

Кабирӣ ошкоро иқрор мешавад, ки дар вақташ аз Покистон, Ҷумҳурии Исломии Эрон ва дигар кишварҳои исломӣ кумаки калони молию моддӣ гирифтааст. То ҳол Кабирӣ зид нест, агар Эрон кумаки молиявиро ба ҲНИ идома диҳад, гарчанде ки муносибатҳои дӯстонаи Эрон ва Тоҷикистон бо ҳамин сабаб сард шуда буданд.

Ба тасдиқи Кабирӣ, сарчашмаи асосии маблағгузории ҲНИ ин шаҳрвандони Тоҷикистон дар дохил ва ҳам дар хориҷи кишвар, аз ҷумла Россия ва Иттиҳоди Аврупо мебошанд. Вай иддао дорад, ки манбаи маблағгузории ҲНИ барои ӯ аҳамияти хосе надорад. Кабирӣ, зоҳиран омода аст ҳатто аз онҳое, ки ба истеҳсол ва фурӯши маводи мухаддир даст доранд, кумаки молиявӣ қабул кунад. Ибораи дӯстдоштаи Кабирӣ дар суҳбатҳои расмӣ ва ғайрирасмӣ чунин садо медиҳад: «Агар дар Афғонистон растаниҳои нашъадор накоранду маводи мухаддирро дар дигар кишварҳо истеҳсол карда, фурӯшанд, пас мардуми Тоҷикистон ва Ӯзбекистон аз гуруснагӣ мемиранд». Пас аз бастани ҲНИ, аксари ҷонибдорони он ошкоро дар васоити ахбори омма бо таассуф баромад мекунанд, ки солҳои тӯлонӣ онҳо сарчашмаҳои назарраси молиявиро ҷамъ оварда, ба роҳбарияти ҳизб фиристодаанд ва намедонанд, ки маблағҳои онҳо дар куҷо ва бо кадом мақсад истифода шудаанд. Онҳо аз эҳтимол дур намедонанд, ки  шояд ин маблағҳои калон ҳам ба манфиати шахсии роҳбари он ва ҳам дигар роҳбарони ҳизб истифода шуда бошанд. Ҳоло маълум мешавад, ки чаро Кабирӣ бо чунин ифтихор ва дилгармӣ дар бораи сафарҳои мунтазами худ ба Федератсияи Россия аз Калининград то Владивосток суҳбат мекунад. Маълум мешавад, ки мақсади асосии ин сафарҳо паҳн кардани идеяҳои ифротгароии мазҳабӣ ва ҷалби маблағ дар байни муҳоҷирони меҳнатии тоҷик будааст. Тасодуфӣ нест, ки ҳамватанони мо маҳз аз қаламрави Россия ба сафи ДИИШ дар Сурия ва Ироқ мепайванданд. Кабирӣ дар бораи хизматҳои худ дар кишвар суҳбат карданро дӯст медорад, диққати шунавандагонро ба он равона месозад, ки вай чӣ гуна аз ҳисоби худ дар минтақаҳои гуногун мактабҳо ва дигар муассисаҳоро бунёд кардааст, кадом соле ба 162 корманди штатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маоши 13-ум додааст.

Саволи табиӣ ба миён меояд: аз кадом маблағҳо?

Сарчашмаҳои мӯътамад тасдиқ мекунанд, ки пас аз имзои Созишнома дар бораи сулҳ ва ризоият дар соли 1997 ва ҷудо кардани квотаи 30-фоиза ба ИМТ, баъзе аз ин мансабҳо  аз ҷониби роҳбарияти ҲНИ фурӯхта шуданд. Тасодуфӣ нест, ки дар баъзе мансабҳо аз рӯи ин квота шахсоне таъйин карда шуданд, ки ба хусусиятҳои вазифавӣ мувофиқат намекарданд ва сатҳи лозимаи омодагӣ надошта, яъне одамони бесалоҳият буданд. Дар оянда онҳо кӯшиш мекарданд, ки бо манфиати максималӣ «сармояи сиёсии ИМТ»-ро ба сарвати моддию молӣ табдил диҳанд. Ҳоло маълум шуд, ки дар ҷараёни ба даст овардани сулҳ ва ризоият дар кишвар роҳбарияти ҲНИ, шахсан Кабирӣ дар ин самт ба муваффақиятҳои назаррас «ноил» шудаанд.

Роҳбари ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ соли 1999 беморхонаро бо як гектар замини ба он ҳамроҳ дар ноҳияи Рӯдакӣ ва дигар иншооти давлатиро мусодира кард. ҲНИ 300 ҳазор  ва Кабирӣ шахсан 500 ҳазор доллар саҳмияҳои НБО «Роғун» ва ғайраро ба даст оварданд.

Кабирӣ иқрор мешавад, ки намехоҳад баҳсҳои сиёсиро бо пешвои маъруфи оппозитсионии тоҷик Додоҷон Атовуллоев дар саҳифаҳои Facebook ва YouTube гузаронад, дар ҳоле, ки ӯ таҷрибаи журналистӣ надорад. Роҳбари ҲНИ хуб медонад, ки ӯ дар ин баҳсҳо ноком хоҳад шуд. Гарчанде ки ҳар як сиёсатмадор, пеш аз ҳама, бояд журналисти оммавӣ бошад ва баъдан иродаи қавии сиёсӣ дошта, иқтисод, дипломатия, психология ва ғайраҳоро донад. Рад кардани баҳс бо Додоҷон Атовуллоев ҳам платформаи заифи сиёсӣ, мафкуравӣ ва ҳам мавқеи ҲНИ ва Кабириро нишон медиҳад.

Кабирӣ табаддулот ё инқилоб ё худ роҳи низомиро ягона усули муборизаи сиёсии барои ба сари қудрат омадан дар Тоҷикистон мешуморад. Бо истифода аз методологияи асосгузорон ва пайравони марксизм, бахусус Ленин, роҳбари ҲНИ дастоварду муваффақиятҳои давраи шӯравии мамлакати моро пинҳон мекунад. Бе амалишавии  Инқилоби октябри бузург дар соли 1917 пайдоиши Ҷумҳурии муосири Тоҷикистонро тасаввур кардан ғайриимкон аст. Кабирӣ пешниҳод менамояд, ки иштирокчиён ва пешвоёни ҳаракати босмачигариро қаҳрамон эълон кунанд. Вай ошкоро ва дағалона дурӯғ мегӯяд ва изҳор медорад, ки дар Тоҷикистон чунин оилае нест, ки аъзои он дар давраи Шӯравӣ ҷазо дода нашуда ва ё кушта нашуда бошанд.

ҲНИ то ҳол аз усули ба таври зӯрӣ ба сари ҳокимият омадан ва ҳадафи ташкили давлати исломӣ дар Тоҷикистон даст намекашад. Кабирӣ ба роҳбарияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ошкоро таҳдид мекунад, ки ҲНИ ҳанӯз тамоми қувват ва ба чӣ кор қодир буданашро нишон надодааст.

Ҳамаи аъзои тӯдае бо номи Паймони Миллии Тоҷикистон (ПМТ) бояд тамоми паҳлӯҳои портрети сиёсиву идеологии Кабириро бидонанд, то дар фаъолияти ҲНИ - и мамнуъ ва барои қонеъ кардани мақсадҳои ғаразноки ӯ замина нашаванд. Ин гуна роҳи ба сари қудрат омадан барои давлатдории тоҷик ва мардуми тоҷик таҳдидҳо ва оқибатҳои фоҷиавии бузург дорад.

Аз сабаби надоштани ғояҳои худ Кабирӣ мунтазам ба дурӯғпароканиҳои сиёсию идеологӣ ва тасарруф кардани моликияти зеҳнии дигарон даст мезанад.

Масалан, донишманди маъруфи тоҷик, файласуфи боистеъдод Ҳафиз Бобоёров соли 2017 як лоиҳаи иҷтимоию сиёсиро дар бораи дурнамои рушди Тоҷикистон бо номи "Паймони миллӣ" омода кард. Маҳз ана ҳамин ном аз ҷониби муассисони ПМТ бо сарварии Кабирӣ 9 сентябри соли 2018 истифода шуда буд. Кабирӣ иқрор дорад, ки 90 дарсад бо муқаррарот ва идеяҳои консепсияи иҷтимоиву иқтисодии Ҳ. Бобоёров розӣ мебошад, аммо далели дуздии зеҳнии номи ӯро комилан рад мекунад.

Кабирӣ бо 10 фоизи кори илмии мазкур розӣ нест. Эҳтимол, вай дар он вуҷуд надоштани муқаррарот дар бораи забти зӯроваронаи ҳокимият  ва эълони Тоҷикистон ҳамчун давлати исломиро дар назар дорад.

Ҳамин тавр, бо итминон гуфта метавонем, ки номи ПМТ (Паймони Миллии Тоҷикистон) дуздии сиёсӣ ва идеологӣ, тасарруфи моликияти зеҳнии каси дигар ва истифодаи ваколатҳои илмии Ҳ. Бобоёров ба манфиати ҲНИ ва Кабирӣ мебошад. Аммо дар гузаштаи наздик худи Кабирӣ ва дигар роҳбарони ҲНИ олимро барои танқид аз фаъолияташ ва иртиҷоӣ будани платформаи сиёсиву идеологии онҳо таъқиб карданд.

Пеш аз интихоботи президентӣ соли 2012 Кабирӣ ва пайравони ӯ ҳамин гуна номи Ҷунбиши Миллии Тоҷикистонро, ки ман раиси он мебошам, ба худ гирифтанд ва таҳти ҳамин ном барои тарғиб кардани  маъракаи интихоботи Кабирӣ ҳамчун номзад ба президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сомона сохтанд.

Ҳамон замон ман зуд дар бораи ин кори ғайриқонунии дуздӣ ва тасарруфи ном аз ҷониби ин гурӯҳ изҳорот додам. Бо ин мавод дар сомонаи радиои Озодӣ таҳти номи «Ҷунбиши Миллии Тоҷикистон» дорои ҳамноми худ аст?» шинос шудан мумкин аст. Пас аз он адолат ғолиб омад, овози ман шунида ва сомона зуд қатъ карда шуд.

Кабирӣ мегӯяд, ки дар ҷаҳони муосир замоне гузаштааст, ки бояд ба таҳияи ягон барнома ё нақшаи дарозмуддат машғул шавӣ. Барномаҳо бояд дар қалби ҳар як шахс бошанд. Вақте ки мардум ҳукуматро дар кишвар ба онҳо «бовар» мекунанд, сипас онҳо барномаи «дақиқи» худро пешниҳод хоҳанд кард.

Додоҷон Атовуллоев чанде қабл дар саҳифаи худ дар Facebook ба саволи хонандагон дар бораи муносибати ӯ бо роҳбарияти Тоҷикистон бо тамоми масъулият ва самимият посух дод: «Беҳтар мебуд, ки ман дар ин масъала ошкоро сухан мегуфтам. Дар сурате, ки агар дар уфуқи сиёсии мамлакати мо сиёсати радикалӣ ва сиёсати иртиҷоӣ пайдо шаванд ва ба сулҳ, субот ва истиқлолияти давлат  таҳдид кунад, ман тарафдори Президент -  Эмомалӣ Раҳмон ҳастам. Ман Тоҷикистон ва истиқлолияти онро аз ҳаёти худам қиматтар ва баландтар аз ҳама муқаддасот медонам. Дар ҳеҷ гуна ҳолат ва вазъият ман тарафдори онҳое нестам, ки бо салоҳдид ва хоҳиши худ кӯшиш мекунанд ва мехоҳанд либосро барои ҳамаи дигарон чен карда, дӯзанд, то ҳама ба онҳо монанд бошанд ва мисли онҳо рафтор кунанд. Худо накарда, агар салла ё дастархони касе ранги дигар дошта бошад ё шимаш шакли дигар гирад, ӯро душмани Худо меноманд, фатво ё ривояташро меёбанд, то ин ки сарашро аз танаш ҷудо кунанд. Ҳеҷ гоҳ ҷонибдори ин қувваҳо намешавам».

Додоҷон Атовуллоев инчунин зикр мекунад, ки агар чунин қувваҳо ба сари қудрат оянд, пас дар мамлакат санге болои санг намеистад ва кишвар оғуштаи хун мегардад. Аммо ин ҳама маънои онро надорад, ки мо дар бораи камбудиҳои роҳбарияти мамлакат, хусусан дар бораи мушкилоти иҷтимоию иқтисодӣ ва дигар масъалаҳои мубрами сиёсӣ сухан нагӯем.

Тӯли як соли охир Кабирӣ ҳамчун раиси ПМТ (Паймони Миллии Тоҷикистон), ба ҳайси як корманди масъули умури байналмилалӣ дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва кишварҳои Иттиҳоди Аврупо фаъолият намудааст. Дар суханрониҳои оммавии худ аз номи ин кишварҳо Кабирӣ пайваста ба роҳбарияти Тоҷикистон таҳдид мекард, ки дер ё зуд барои ҳисобу нақш ва ҳуқуқҳои тарафдорони худ ӯ онҳоро ба рӯйхати таҳримҳо ворид мекунад, ворид шудани онҳоро ба ин кишварҳо манъ мекунад ва ба додгоҳи байналмилалӣ пешниҳод мекунад. Рафтори мағруронаи ӯ аз он шаҳодат медиҳад, ки вай аз дастгирии хадамоти алоҳидаи баъзе давлатҳои Ғарб истифода бурда, матни сарпарастони хориҷии худро изҳор медорад.

Ба ибораи дигар, Кабирӣ ба роҳбарияти Тоҷикистон ҷанги сард эълон кард ва ин ҷанг метавонад ҳар лаҳза ба ҷанги оташфишон табдил ёбад, ки барои давлат оқибатҳои хатарнок меорад.

Кабирӣ дар кори Комиссияи оштии миллӣ (КОМ) пас аз имзои Созишнома дар бораи сулҳ ва ризоият дар Тоҷикистон ширкат варзида, наздиктарин муттаҳид, мушовир ва шахси бовариноки асосгузори  ҲНИ марҳум Саид Абдуллои Нурӣ буд. Вай ба ӯ таъсири равонии бузурге дошт ва эҳтимол тасмимҳои зиёде аз ҷониби ӯ маҳз дар асоси маслиҳат ва дархостҳои Кабирӣ қабул шуда бошанд.

Моҳи июни соли 1999, бо мақсади тайёрӣ ба раъйпурсӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ҳизбҳо ва ҷунбишҳои сиёсӣ, ки ба ҳайати Комиссияи Оштиии Миллӣ (КОМ) ворид намешуданд, Шӯрои машваратӣ таъсис шуда буд. Ҳадафи асосии Шӯрои машваратӣ пешгирии ворид намудани тағйиру иловаҳои ғайридемократӣ ба Конститутсияи мамлакат буд. Пеш аз баргузор гардидани  раъйпурсӣ моҳи сентябри соли 1999, Шӯрои машваратӣ дар якҷоягӣ бо роҳбарияти ҲНИ ба мувофиқа расиданд, ки онҳо дар таҳияи қонунҳо дар бораи интихоби Маҷлиси Олӣ ва Президент якҷоя кор хоҳанд кард. Аммо пеш аз баргузор шудани раъйпурсӣ, ҲНИ ба манфиати Шӯрои машваратӣ аҳдшиканона хиёнат карда, пешниҳодҳо оид ба ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияро рад кард.

Бояд зикр кард, ки ҲНИ танҳо 12 августи соли 1999 тавонист фаъолияти худро қонунӣ гардонад. Дар интихоботи президентӣ моҳи ноябри соли 1999, ҲНИ Давлат Усмонро ҳамчун номзад ба президент пешбарӣ кард. Бо вуҷуди он, ки худи номзад ин интихоботро бойкот кард, вай аз ҷониби Комиссияи марказии интихоботӣ ҳамчун номзад аз ҲНИ ба қайд гирифта шуд. Асоси бақайдгирӣ протоколе, ки дар арафаи интихобот ба имзо расидааст ва инчунин созишномаи Саид Абдулло Нурӣ ва Президент Эмомалӣ Раҳмонов мебошад.

Дар рӯзи интихобот, аллакай соати 11:00, Саид Абдуллои Нурӣ изҳорот дод, ки интихоботи президентиро демократӣ ва озод эътироф мекунад ва зикр кард, ки новобаста аз натиҷаҳои он роҳбарияти ҲНИ онҳоро эътироф мекунад.

Дар натиҷаи интихобот номзад ба вазифаи президент аз ҲНИ танҳо 2% овоз гирифт.

Дар раванди омодагӣ ва баргузории раъйпурсии моҳи сентябр ва интихоботи президентии моҳи ноябри соли 1999 роҳбарияти ҲНИ бо мақсади ҳифзи ҳадафҳои худ натанҳо ба манфиатҳои дигар ҳизбҳои сиёсӣ ва ҳаракатҳо хиёнат карданд, балки монеи бо роҳи демократӣ баргузор гардидани ин маъракаҳои муҳими сиёсӣ шуданд.

Баръакс, роҳбарияти ҲНИ асосҳои фарҳанги демократӣ ва адолати сиёсиро дар мамлакат поймол намуданд.

Имрӯз дар рӯзномаи ҷаласа саволе ба миён меояд: идораи давлатро ба чунин ҳизб ва роҳбари он Кабирӣ бовар кардан мумкин аст? Ҷавоб  равшан аст: «Не! ТТЭ ҲНИ қобили эътимод нест!»

22 ноябри соли 2005 Сафири ИМА Ричард Ҳоугланд дар мулоқот бо Кабирӣ гуфта буд, ки Котиби давлатии ИМА Кондолиза Райс ба Ҳукумати Тоҷикистон дархости Амрикоро оид ба дидани ҲНИ дар саҳнаи сиёсии мамлакат фиристодааст. Ӯ навишта буд, ки Кабирӣ он «сиёсатмадорест, ки ба ӯ саҳнаи фаъолият лозим аст, аммо Раҳмонов барояш  чунин имконият намедиҳад».  Маҳз ба ин хотир, Ғарб бояд оид ба роҳҳои бехатари дастгирӣ ва муаррифии ӯ андеша ронад, то он бо баргузории семинару конфронсҳо маҳдуд нагардад.

Ғарб дар симои роҳбарияти ИМА  аллакай соли 2005 М.Кабириро ҳамчун нафари муқобили роҳбарияти Тоҷикистон ва агенти зиддиэронӣ барои манфиатҳои геополитикии дурандешонаи худ дар Осиёи Марказӣ интихоб намуда буд.

Аз соли 2010 ҲНИ,  зоҳиран бо дастгирии ИМА амалисозии тактикаи наверо оғоз намуд, ки ба табдил додани ҷамъияти исломӣ ба давлати исломӣ дар мамлакат нигаронида шуда буд.

Соли 2015 баъди нокомӣ дар интихоботи моҳи феврали Маҷлиси намояндагон, роҳбари ҲНИ М.Кабирӣ Тоҷикистонро тарк кард. Ӯ он замон аллакай аз ҷониби неруҳои муайян дар мамлакатҳои Ғарб дастгирии бокафолат дошт.

Кабирӣ эътибору имкониятҳои молиявию сиёсӣ ва низомию қудратии худро аз будааш зиёд нишон дода, расман Шӯрои сиёсии ҲНИ-ро фиреб дод.

Аъзои Шӯрои сиёсӣ гаравгони ваъдаҳои дурӯғи ӯ гардиданд.

27 июни соли 2015 Шӯрои сиёсии ҲНИ ба номи Президент Эмомалӣ Раҳмон муроҷиатномаи иғвоангезонаю қатъӣ ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла гуфта мешуд: «Бешубҳа, масъулияти ҳамаи ин вазъиятҳои манфӣ ба дӯши Ҳукумат, пеш аз ҳама ба Шумо, Ҷаноби Олӣ, ҳамчун роҳбари он  вогузор мешавад».

 Роҳбари ҲНИ М.Кабирӣ дар робита ба ин муроҷатнома зимни суҳбати худ бо ВАО чунин иброз дошт: «Ба ҳокимият ҷанги хурд, вале музаффариятовар лозим аст».

 Бо назардошти гуфтаҳои иғвоангезона ва дорои характери ҷанговаронаи роҳбарияти ҲНИ, 27 июни соли 2015 Президент Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Рӯзи Ваҳдати миллӣ  ба онҳо ҷавоби қатъӣ доданд:  «Мардуми шарифи Тоҷикистон рафтори хиёнаткоронаи баъзе гурӯҳҳову шахсонеро, ки ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта Ватани аҷдодии моро ба хоку хун кашиданд ва кишвари тозаистиқлоли моро ба коми оташ тела доданд, ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунанд».

 Бо  сабаби бешармӣ, ҷанговарӣ, гуфторҳои таҳдидомезонаи сарварони худ, роҳбарият ва фаъолони ячейкаҳои минтақавии ҲНИ иброз доштанд, ки «ислом ба ҳизби сиёсӣ ниёз надорад» ва марҳила ба марҳила бо эълони қатъи фаъолияти ячейкаҳои минтақавии он тарки узвияти ҳизб намуданд. Аз ҷониби онҳо чунин дархост шуд: фаъолияти ҲНИ дар мамлакат қатъ карда шавад.

Минбаъд раванди хориҷ шудани аъзои ҲНИ аз сафи  он  боз ҳам  афзуд  ва ин созмон мақоми ҳизби сиёсиро аз даст дод.

Шӯрои сиёсии  ҲНИ муноқишаи худро бо роҳбарияти  мамлакат  ба сатҳи хатарнок, бо кӯшиши табаддулоти моҳи сентябри соли 2015 аз ҷониби генерал Абдуҳалим Назаров расонид. Ва оқибати  он  маҳкам ва  манъ  кардани  фаъолияти  ҲНИ  дар  ҳудуди  Тоҷикистон  гардид.

Ҳодисаҳои моҳи сентябри соли 2015 дар атрофи  ҲНИ   ба амрикоиҳо ва аврупоиён  имкон дод, ки  “далелҳои нав”-ро барои фишор овардан ба Ҳукумати Тоҷикистон  дастак кунанд. Онҳо пинҳон намедоштанд, ки ба ғайр аз масъалаҳои амниятӣ ва иқтисодӣ, онҳо аз дастгирии озодии сухан ва ҳуқуқи инсон дар ҷумҳурӣ нигаронанд.

             Аз моҳи сентябри соли 2015 ҳамчун як “стратеги  бузург”  барои пешрафти манфиатҳои шахсӣ, Кабирӣ шикасти сиёсатҳои худро зимни роҳбарии ҳизб, ки ба  қатъ гардидани фаъолияти   ҲНИ  ва зиндонӣ шудани аъзои Шӯрои сиёсии он  оварда  расонид, як “фурудгоҳи сиёсии эҳтиётӣ”- ро ҷустуҷӯ карда, гуфтушунидро бо дигар гурӯҳҳои сиёсӣ оид ба ташкили ПМТ  оғоз кард.

           Аён мегардад, ки  Иёлоти Муттаҳида ва ИА М. Кабириро ҳамчун “пешво” дар интихоботи қарибулвуқӯъи президентӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  мебинанд ва истифодаи  ӯро  барои   ба вуҷуд овардани вазъи  бетартибӣ дар ҷумҳурӣ  мусоид медонанд.

           Ахиран рафторҳои ҷангии Кабирӣ ба он овардааст, ки  баъзе ҷонибдорони ӯ талаботи  қонуни таблиғоти сиёсиро дар байни мардум поймол карда,  дар интернет ошкоро сухан  мегӯянд. Онҳо ошкоро сарнагунии қудрат дар Тоҷикистон ва муқаррар намудани қоидаҳои шариатро ҷонибдорӣ доранд.

          Бо сайр  ба  солҳои 90-уми асри гузашта ва дар асоси таҳлили рӯйдодҳо хулосаи қатъӣ  баровардан мумкин аст: ба туфайли шӯҳратпарастии роҳбари ҲНИ М. Кабирӣ, ки ҳадафи он тавассути таъсир расонидан ва таҳрик додани тафаккури ҷамъиятӣ ба даст овардани манфиатҳои пинҳонии худпарастонааш   буд, ҳизби мазкур дар   сиёсату идеология  муфлис гардид.

 То он даме,  ки дар  фазои сиёсии Тоҷикистон   ҲНИ ва зери ниқоби  пешвои рӯҳонӣ  роҳбари бадтинати он  Кабирӣ   вуҷуд доранд,  хатари бесубот кардани вазъи ҷамъиятию сиёсӣ, кӯшиши табаддулот ва ташкили давлати исломӣ дар  мамлакат  боқӣ мемонад.

Аз ин рӯ, дар айни замон Тоҷикистон ба як оппозитсияи созанда ва демократӣ, ки бидуни ҳеҷ гуна  макр  ва конвенсияҳо дар  мавқеи  бунёди давлати дунявию  демократӣ қарор дорад, ки дар он қудрат ба шаҳрвандони баробарҳуқуқ  тааллуқ  дорад ва  манфиатҳои  маънавию  миллӣ, иҷтимоӣ-иқтисодӣ, муносибатҳои оилавӣ ва институтҳои ҳифзкунандаи манфиатҳои шахсию ҷамъиятӣ ниёз дорад.

       Гурӯҳҳои сиёсӣ, дунявӣ, демократӣ ва  созмондиҳандагони  солимандеши  Паймони  Миллӣ бояд ҳарчи зудтар худашон пароканда шаванд. Зеро гузаштаи сиёсии ҲНИТ ва хислатҳои шахсии роҳбари он Кабирӣ, ки ҷанги сардро ба роҳбарияти  мамлакат  эълон кардааст, дар мавқеи радикализм ва тағйир додани қудрат дар роҳи ғайридемократӣ, дар шароити муайян, ба манфиати худ ва ҳадафи асосии ҲНИ идома доранд ва ӯ ба ҳеҷ чиз нигоҳ накарда, ба иттифоқчиёни сиёсии худ дар ПМТ ҳам хиёнат  мекунад

Ҳоким МУҲАББАТОВ,

Раиси Ҳаракати миллии Тоҷикистон,

муаллифи китоби «Ирода  ба озодӣ» 

барчасп: