Муддати чанд рӯзи охир ҳавои гардолуди то ҳадде тӯфонӣ кишварро фаро гирифтааст. Дар ҳамин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аҳолии мамлакат хоҳиш мекунад дар чунин ҳолатҳо ҳангоми роҳандозии корҳои саҳроӣ эҳтиёт бошанд, дар минтақаҳои кӯҳӣ аз ғунучини ҳезум худдорӣ намоянд. Бештар аз ҳама ба одамони гирифтори бемориҳои дил, зиққи нафас ва фишорбаландӣ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир созанд.
КҲФ ба ронандагон ва дӯстдорони кӯҳгардӣ ва кӯҳнавардон, равандагони роҳҳои мошингарди кӯҳӣ ва сайёҳони дучархасавор ёдовар мешавад, ки дар манотиқи кӯҳӣ техникаи бехатариро риоя намоянд, ҳамчунин масофаи таъиншуда барои ҳаракат дар чунин роҳҳо ва дар чунин обуҳаворо ҷиддан ба назар гиранд, зеро эҳтимолияти резиши санг дар чунин роҳҳо зиёд аст.
Ҳамзамон бо ин оддитарин тавсияҳоро ҳам ироа медорем ва медонем, ки риояи онҳо ва иҷрои онҳо одамонро аз ҳодисаҳои нохуш нигоҳ медорад:
1. Ҳатто ниқоби оддитарин аз дока метавонад ҳангоми чунин ҳавои гардолуд пурманфиат шавад, ҳарчанд он барои пешгирӣ аз вуруди ҳиссачаҳои гард пешгирӣ намекунад. Ҳиссачаҳои хеле хурд ва газро ниқоби мазкур аз вуруд ба организм боздошта наметавонад, аз ин рӯ агар имкон ҳаст хубаш ба кӯча набароед. Ниқобро хуб мешавад агар тар кунед, вале бояд дар хотир дошт, ки бо худ доштани ин гуна ниқоб барои одамони гирифтори бемориҳои шуш вазъашонро метавонад бадтар кунад, зеро он монеи нафаскашии озод мешавад.
2. Бештар бояд оби тоза нӯшид, на камтар аз 2-2,5 литр дар як рӯз ва 0,5 литри он оби минералӣ бошад.
3. Аз рӯи имконият дар ҷойи кор аз ҳавополоҳо бояд истифода кард.
4. Тӯли рӯз 2-3 пиёла чойи хуштамъи сабз бояд нӯшид.
5. То ҳадди имкон кӯшиш кунед тирезаҳои хонаатон пӯшида бошанд. Ва агар шумо ба ҳар ҳол тасмим гирифтед, ки бояд ҳавои хонаро тоза кард, пас дар назар дошта бошед, ки боз кардани тирезаҳо дар субҳи бармаҳал хатарноктар аст, зеро ҳама моддаҳои ҳалношуда дар қабати замин муттамарказ мешаванд. Наздик ба нисфирӯзӣ қабати болоии замин гарм мешавад ва зери таъсири ҳаво он моддаҳо боло мераванд.Гузашта аз ин метавон тирезаҳои бозро аз вуруди ғубор бо дока ҳимоя кард.
Барои касоне, ки аз бемории диққи нафас азият мекашанд, тавсия медиҳем:
- меъёри таъиншудаи доруро кам накунед;
- ҳамеша бо худ ингаляторҳо дошта бошед;
- агар талабот ба ингаляторҳо дар як рӯз беш аз 4-6 маротиба шуд, фавран ба духтур муроҷиат кунед.
Дар ҳоли ба вуҷуд омадани ҳолатҳои фавқулодда ба рақамҳои телефонҳои қисми навбатдории КҲФ занг занед:
Дастгоҳи марказӣ:
-112, 221-13-31, 93 880 28 19;
Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе:
- 225-44-73, 225-44-76, 225-44-90;
Шуъбаи КҲФ дар шаҳри Ҳисор:
- (83139) 2-60-74, 2-60-45;
Раёсати КҲФ дар вилояти Хатлон:
- (83222) 2-35-05, 2-78-28;
Шуъбаи КҲФ дар шаҳри Кӯлоб:
- (83322) 2-36-60, 2-34-73;
Раёсати КҲФ дар ВМКБ
- (83522) 2-40-57, 2-53-47;
Раёсати КҲФ дар вилояти Суғд:
- (83422) 6-58-72, 5-15-55.